Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 Сентябрь 2017

 ш.Душанбе, 25.09.2017,  Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид.

Дар кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинони  Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбар ва муовини роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳо ва муассисаву корхонаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе даъват карда шуда, таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.

Вакилони халқ дар оғоз котибот ва ҳайати таҳририяи иҷлосияро интихоб ва рӯзномаи кори онро тасдиқ карданд.

Ба рӯзномаи кори иҷлосия масъалаҳо оид ба ҷараёни иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 5 майи соли 2017, №228 «Дар бораи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017 – 2018 дар шаҳри Душанбе», дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои  интихоботии №58, №61 ва №67 ва  таъин намудани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии номбурда, таъсиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 15 декабри соли 2016, №99-8 ва тасдиқи як силсила қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид шуда буданд.

Дар ибтидо вакилон ҷараёни татбиқи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 5 майи соли 2017, №228 «Дар бораи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017 – 2018 дар шаҳри Душанбе»-ро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, аз рӯи он қарори дахлдор қабул намуданд.    

Иҷлосия ваколатҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудов Фазлиддин Абдусаломович, Мирзоев Тоҳир Хайруллоевич ва Шерзода Ситора Ҷалолро  аз ҳавзаҳои  интихоботии №58, №61 ва №67 пеш аз муҳлат қатъ намуда, интихоботи вакилонро дар ҳавзаҳои номбурда дар таърихи 19 ноябри соли 2017  таъин кард.

Раиси  шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни муҳокимаи масъалаҳо таваҷҷуҳи вакилони халқ ва масъулини соҳаҳоро, қабл аз ҳама, ба иҷрои бечунучарои  омодасозии пурраи муассисаҳои давлатии истифодабарии роҳҳо вобаста ба захиракунии маводу ашё, қисмҳои эҳтиётӣ ва сӯзишворӣ барои мошину механизмҳо аз рӯи эҳтимолияти фаъолияти онҳо дар шароити аз меъёр паст омадани ҳарорати ҳаво ва сардиҳои давомнок, ҷиҳати то оғози мавсими тирамоҳу зимистон ба анҷом расонидани корҳои таъмири асосӣ ва ҷории роҳҳои автомобилгарди ҳудуди шаҳр ва дар ҳолати аз меъёр зиёд будани боришот андешидани чораҳои зарурӣ барои фавран бартараф намудани садамаҳо ва дар доираи нақшаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 ба ҳолати бехатарӣ аз сӯхтор дар объекту иншоотҳои хоҷагии халқ, бахусус муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, бозору марказҳои савдо ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон аҳамияти ҷиддӣ дода, тамоми нақлиётҳои оташнишониро барои фаъолияти бонизом ва дар ҳолати омодабош қарор диҳанд.

Масъулини соҳаҳои обёрӣ вазифадор гардиданд, ки вобаста ба омода намудани системаҳои ирригатсионӣ барои фаъолияти муътадил дар мавсими тирамоҳу зимистон иҷрои корҳоро дар муҳлатҳои муайянгардида таъмин намуда, қисмати озоди каналу селпартоҳо ва такшингоҳҳои шаҳри Душанберо аз гилу шағал ва партовҳо тоза карда, ҷиҳати сари вақт бартараф намудани мушкилиҳо ҳангоми аз меъёр зиёд гардидани боришот дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 тадбирҳои мушаххас  андешанд.

Ба  Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» супориш дода шуд, ки барои ба миқдори меъёрӣ таъмин намудани захираҳои саривақтии маводи безараргардонӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии шаҳрӣ, ба роҳ мондани корҳои доимии безарар гардонидани оби ошомиданӣ ва сифатнокии он, инчунин таъминоти муътадили оби нӯшокӣ, анҷоми корҳои таъмириву профилактикӣ ва санҷиши фишори қубурҳои обтаъминкунӣ ва оби ғализ, таъмини  фаъолияти мунтазами насосҳои эҳтиётӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо, захира намудани сӯзишворӣ, дигар маводу ашёи зарурӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои таъмини хизматрасонии муътадил тадбирҳои бетаъхир андешад.

Масъулини сарраёсати маориф, раёсатҳои тандурустӣ ва фарҳанг  уҳдадор шуданд, ки муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва табобатиро бо маводи сӯзишворӣ ва ангишт бо пуррагӣ таъмин намуда, омода будани генераторҳои барқро назорат намоянд.

Сохторҳои дахлдор ва раисони ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки ҷиҳати ба пуррагӣ пайваст шудани бинову иншоотҳо ва таъмини пурраи шиносномаҳои тайёрӣ ба қабули энергияи гармӣ, барқароркунии механизмҳои гармитақсимкунӣ то 25 октябри соли 2017 маълумоти муфассал пешниҳод намоянд ва ҷиҳати гузаронидани корҳои профилактикӣ, иваз намудани ноқилҳои корношоям, муоинаи қуттиҳои барқтақсимкунӣ, ивази равғанҳои трансформаторҳо ва захираи сӯзишворӣ чораҳои заруриро сари вақт амалӣ намоянд.

Таъкид гардид, ки вазъи молиявӣ-иқтисодии корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2» ва «Автобус-3»-и шаҳри Душанберо пурра таҳлил намуда,  ҷиҳати захира намудани маводи сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ гардидааст, инчунин дар оянда даст кашидан аз пошидани қуму намак дар роҳҳо ва истифодаи моеъҳои замонавӣ, сари вақт ворид намудани техникаҳои коммуналии нав чораҳои мушаххас андешанд.

Масъулин соҳаҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки бо мақсади пешгирии болоравии нархи молу маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла картошка, пиёз ва сабзӣ, равған, орд, ангишт ва ҳезум  ҳамкориҳоро ҷиҳати захира намудани маҳсулоти ниёзи аввалия бо хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷоннок намояд;

Дар якҷоягӣ бо КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе»  бобати ташкил намудани нуқтаҳои сайёри фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар ҳудуди шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз роҳбарон ва масъулини тамоми сохторҳо бо қотеият талаб карданд, ки тамоми камбудӣ ва нуқсони мавҷударо сари вақт бартараф намуда, дар пешрафт, тараққӣ ва ободонии шаҳр дар роҳи фароҳам овардани зиндагии шоиста ба тамоми қишрҳои ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд.

Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як қатор қарорҳои қабул намудаӣ Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои муҳими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ баррасӣ ва тасдиқ кард.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор ба тасвиб расид.