Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 Сентябрь 2017

 ш.Душанбе, 25.09.2017,   Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Ноиби губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина, ки дар доираи сафари  ҳайати фарҳангӣ-соҳибкорӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот кард.

Иштирокчиёни  вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкориҳои Душанбе ва Санкт-Петербургро  дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар мулоқот  зикр гардид,  ки ҳанӯз 6 октябри соли 1991 баъд аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Россия яке аз аввалинҳо шуда бо шаҳри Душанбе паймони бародаршаҳрӣ баст, ки ба наздикӣ аз ин сана  26 сол пур мешавад. Баҳри густариши ҳамкориҳо бошад 30 апрели соли 1999 Созишномаи нав дар бораи паймони бародаршаҳрӣ ва Созишнома байни Ҳукумати шаҳри Душанбе ва шаҳрдории Санкт-Петербург дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расиданд.

      Ҷонибҳо, ҳамчунин дар бораи  бунёди корхонаҳои саноатии муштарак, коркарди маҳсулоти агросаноатӣ, ҷалби сармоя ва соҳибкорони Санкт-Петербург оид ба рушди соҳибкории хурду миёна, интиқоли таҷҳизоти пешрафтаи тиббию саноатӣ, ҳамкориҳо дар бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ, нигаҳдории инфраструктураи шаҳрӣ, маорифу тандурустӣ, афзудани квотаҳо барои донишҷӯён дар мактабҳои олии шаҳри Санкт-Петербург, ташкили курсҳои омӯзиши забони русӣ ва имтиҳонҳои мавҷуда барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар заминаи омӯзишгоҳхои касбии шаҳри Душанбе, фароҳам овардани шароитҳои арзанда барои будубош ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ  истифодаи потенсиали мавҷуда  изҳори назар карда шуд.

 Дар фарҷоми мулоқот Протокол ба Созишномаи байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва  Маъмурияти Санкт-Петербург оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ аз  28 апрели соли 1999 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи амалии он барои солҳои 2017-2018 ба имзо расид. Ба он муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ва ноиби губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина  имзо  гузоштанд.