Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 Сентябрь 2017

 Рӯзҳои 25 - 27 сентябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе сафари ҳайати фарҳангӣ-соҳибкории Санкт-Петербург таҳти роҳбарии ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина баргузор шуд.

Субҳи 25 сентябри соли 2017 ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина дар раъси ҳайати бонуфузи соҳибкорон ва аҳли фарҳанг ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ташриф овард.

Худи ҳамон рӯз дар Муассисаи давлатии "Душанбе-Плаза" мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина доир гардид.

Иштирокчиёни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Душанбе ва Санкт-Петербургро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки ҳанӯз 6 октябри соли 1991 баъд аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия яке аз аввалинҳо шуда, бо шаҳри Душанбе паймони бародаршаҳрӣ ақд кард, ки ба наздикӣ аз ин сана 26 сол пур мешавад.

Баҳри густариши ҳамкорӣ 30 апрели соли 1999 Созишномаи нав дар бораи паймони бародаршаҳрӣ ва Созишнома байни Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Маъмурияти Санкт-Петербург дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи бунёди корхонаҳои саноатии муштарак, коркарди маҳсулоти агросаноатӣ, ҷалби сармоя ва соҳибкорони Санкт-Петербург дар рушди соҳибкории хурду миёна, интиқоли таҷҳизоти пешрафтаи тиббию саноатӣ, ҳамкорӣ дар бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ, нигаҳдории инфрасохтори шаҳрӣ, маорифу тандурустӣ, афзудани квотаҳо барои донишҷӯён дар мактабҳои олии шаҳри Санкт-Петербург, ташкили курсҳои омӯзиши забони русӣ ва имтиҳонҳои мавҷуда барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар заминаи омӯзишгоҳҳои касбии шаҳри Душанбе, фароҳам овардани шароити арзанда барои будубош ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ изҳори назар карданд.

Дар фарҷоми мулоқот Протокол ба Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Маъмурияти Санкт-Петербург оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ аз 28 апрели соли 1999 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи амалии он барои солҳои 2017-2018 ба имзо расид.

Ба он муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ва ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина имзо гузоштанд.

 Нимаи дуюми рӯз дар Муассисаи давлатии «Душанбе – Плаза» маросими ботантанаи ифтитоҳи барномаи фарҳангӣ-соҳибкории ҳайати Санкт-Петербург таҳти унвони «Рӯнамоии иқтидори иқтисодӣ ва омӯзишии Санкт-Петербург» баргузор шуд.

Дар чорабинӣ муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Лякин-Фролов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки ҳамкориҳои гуногунҷанбаи сохторҳои марбутаи пойтахти кишварамон бо пойтахти шимолии Федератсияи Россия — шаҳри Санкт-Петербург дар ҳоли густариш қарор дошта, тарафҳо баҳри амалӣ сохтани ҳадафҳои созандае, ки аз Созишномаи байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ бармеоянд, тадбирҳои муассир роҳандозӣ менамоянд.

Ҷониби Санкт-Петербург махсус таъкид намуд, ки “санкт-петербургиҳо ба фарзандони фарзонаи халқи тоҷик, ки дар муҳорибаҳои Ленинград иштирок намуда, барои аз душаманон озод намудани ин шаҳр ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меоранд. Дар лавҳаи фахрии шаҳри Санкт-Петербург сабт гардидани номи Тӯйчӣ Эрйигитов ва Ҳабиб Юсуфӣ далели абадан пос доштани хотираи ин ҷанговарони шуҷои тоҷик аст”.

 Дар ҷараёни маросими ифтитоҳ ҷониби Санкт-Петербург ёдовар шуданд , ки халқи рус, бахусус петербургиҳо фаромӯш намекунанд, ки халқи тоҷик дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ақибгоҳ сокинони аз оташи ҷанг паноҳбурдаи шаҳри онҳоро  бародарвор қабул намуда, як бурда нонашонро аз онҳо дареғ надоштанд.  

«Дар Душанбе ҳам осори ҳамкории деринаи  Санкт-Петербург ва шаҳри Душанбе ҳувайдост. Тарҳи сохтмони бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба меъмори санкт-петербургӣ тааллуқ дорад»,- афзуд Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни вохӯрӣ ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина зикр кард, ки  барои дар сатҳи олӣ ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни  ду бародаршаҳр — Санкт-Петербург ва Душанбе тамоми шароит фароҳам омадааст ва ҷиҳати тавсеаи онҳо монеае вуҷуд надорад.

Баъди тамошои филми ҳуҷҷатӣ дар бораи шаҳри Санкт-Петербург рӯнамоии иқтидори иқтисодӣ ва омӯзишии Санкт-Петербург ва вазъи иҷтимоӣ- иқтисодии Душанбе тайи 9 моҳи соли равон ҷараён гирифт.

Худи ҳамон рӯз дар МД "Душанбе-Плаза бо иштироки мутахассисони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург ва Душанбе дар мавзӯи "Муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъсири он ба бозори меҳнати Санкт-Петербург ва Душанбе" мизи мудаввар доир гардид, ки дар он ҷонибҳо имкониятҳои худро муаррифӣ карданд.

Ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ байни Санкт-Петербург ва Душанбе дар мулоқоти соҳибкорони ҳар ду ҷониб мавриди баррасии амиқ қарор гирифт.

Бо мақсади баррасӣ ва таҳкими ҳамкорӣ  дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина ва ҳайати ҳамроҳонашон бо Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки  баъд аз  шаҳри Москва ва вилояти он, шаҳри Санкт-Петербургу  вилояти Ленинград  доир ба қабули муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми дуюм қарор доранд. Дар вилояти Ленинград муҳоҷирони меҳнатӣ асосан дар  соҳаҳои сохтмон, савдо, таъмиру  хизматрасонии техникӣ ва  хоҷагии қишлоқ фаъолият менамоянд.

Дар мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки  ҳамкории пайваста   натиҷаҳои  назаррас медиҳад. Аз ҷумла, бо дастгирии Кумитаи оид ба меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа марказҳои машваратӣ ва бокортаъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои Санкт-Петербург кушода шудаанд. Тавассути ин марказҳо теъдоди муайяни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муташаккилона дар муассисаю ташкилотҳои Санкт-Петербург бо кор таъмин карда шуданд.

Дар мулоқот Анна Митянина аз ҳамкории самаранок  байни  Кумитаи оид ба меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург  ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳавасмандии ҷонибҳоро дар рушди минбаъдаи он баён дошт.

Шоми 25 сентябр ноиби губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина ҳамроҳ бо муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барномаи калони ҳунариро бо иштироки ҳунармандони маъруфи Театри давлатии академии  Мариини Санкт-Петербург Виктория Ястребова ва Владимир Селебровский   тамошо  карданд.

Субҳи 26 сентябр ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина бо ҳайати бонуфузи соҳибкорону аҳли фарҳанги  Санкт-Петербург  ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти халқи тоҷик дар майдони "Дӯстӣ"-и пойтахт ба пояи ҳайкали асосгузори нахустин давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт. Ҳамчунин ба мақсади гиромидошт ва поси хотираи фарзандони фарзонаи халқи тоҷик, ки дар набардҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон баҳри ҳифзи озодӣ мардонавор ҷон нисор кардаанд, дар «Боғи Ғалаба»-и шаҳри Душанбе дар назди "Оташи абадӣ" сари таъзим фуруд оварданд. Меҳмононро дар ин маросим муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва дигар кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ карданд.

 

Хайати фарҳангӣ-соҳибкории Душанбе ва Санкт-Петербург дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бо вазъи хизматрасонии ин муассисаи тандурустӣ шинос шуданд.

Меҳмонон аз қисми ташхисгоҳ, ҳуҷраи томографияи компютерӣ ва рентген, ҳуҷраи техникӣ, ҳуҷраи муоинаи маммографӣ, идорагоҳ, шуъбаи ангиография, қисми ҷарроҳии нақшавӣ, ҳуҷраи баъд аз ҷарроҳӣ, толори осебшиносию радодӣ, толори ҷарроҳии асаб, толори ҷарроҳии умумӣ, ҳуҷраи ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, шуъбаи наҷот ва муолиҷаҳои оҷил, толори варзишӣ, ташхиси фаросавтӣ, озмоишгоҳи клиникӣ ва биокимиёвӣ, инчунин аз қисми таваллудхона ва соматикии кӯдакона дидан намуданд.

Зимни боздид Анна Митянина дастгоҳу таҷҳизоти тиббии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”-ро хеле нодир арзёбӣ намуда, ба сатҳи хизматрасонии он баҳои баланд дод.

Дар доираи ин сафар панҷ нафар табибони  соҳаҳои гуногуни  шаҳри  Санкт-Петербург-табиби саратоншинос Нуринисо Абдуллоева, анестезиолог-реаниматологҳо  Вячеслав Кулаков ва Артём Шетинин,  ҷарроҳи кӯдакона Татяна Патрикева, неонатолог Екатерина Харитонова   дар  Маҷмааи   тандурустии «Истиқлол» ва дигар марказҳои саломатии шаҳри Душанбе бо ҳамкасбони душанбегии худ  дар   мавзӯи   навтарин дастовардҳои  илми тиб,  истифодаи онҳо дар таҷриба ва дигар масъалаҳои  ба он марбут мубодилаи афкор  намуда, бо ҳайати профессорону докторони тибби  маҷмааи мазкур, табибони  беморхона ва марказҳои саломатии шаҳри Душанбе  дарсҳои омӯзишӣ баргузор намуданд. Ба ғайр аз ин табибони санкт-петербургӣ дар ин рӯзҳо ба аҳолии пойтахт кумаку машварати ройгони тиббӣ расонданд.

Дар чаҳорчӯбаи ҳамоиши фарҳангӣ-соҳибкорӣ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар корхонаҳои Санкт-Петербург ташкил шуда, корфармоёни бародаршаҳр бо номзадҳо ба ҷойҳои кории холӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот карданд.

Ҷиҳати муҳокимаи имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталиф байни соҳибкорон биржаи робитаҳои кории корхона ва ташкилотҳои Санкт-Петербург ва Душанбе доир гардид.

Соҳибкорони Санкт-Петербург бо мақсади барқарор намудани робитаҳои мустақими ҳамкорӣ аз як қатор корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе боздид намуданд.

Ҳунарманди театри Мариин Виктория Ястребова дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов барои муҳассилини мактабҳои мусиқии пойтахт дарсҳои омӯзишӣ доир намуд.

Рӯзи 26 сентябр ҳайати Санкт-Петербург аз Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии "Мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор" боздид намуда, бо таърихи бою ғании халқи тоҷик дар давраҳои гуногуни  давлатдории он шинос шуд.

Бо ҳамин сафари ноиби Губернатор Анна Митянина ва ҳайати фарҳангӣ - соҳибкории Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Субҳи 27 сентябр ҳайати Санкт-Петербург ба Ватан баргашт.