Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 Октябрь 2017

 Дар бораи баргузор намудани  тендер

 

Бо мақсади ба талаботи муосир мутобиқ намудани биноҳо  ва ободонии ҳудуди муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаҳои 12 - 14 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ»                  

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.  Комиссияи тендерӣ тибқи протоколи замимагардидаи ҷаласаи  Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  аз 25 сентябри соли 2017, №97 таъсис дода шавад ва дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷиҳати таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-харҷномавии иншооти «Сохтмони корпуси нав барои 640 ҷой ва ободонии ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе» мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер омода намуда, эълон, баргузорӣ ва ҷамъбасти онро бо иштироки номаҳдуди довталабон таъмин намояд

2.  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.                                           

3.  Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.

 

                                                                                   Рустами Эмомалӣ