Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 Октябрь 2017

Дар бораи тасдиқ намудани Оиннома, рӯйхати бастҳои корӣ, фонди музди меҳнати кормандон, андозаи маоши моҳонаи роҳбарият ва Низомнома «Дар бораи ҳавасмандгардонии кормандони Муассисаи давлатии «Мактабҳо ва иншооти варзишӣ»-и шаҳри Душанбе 

 

 

Бо мақсади танзими фаъолияти муассисаҳо ва иншооти варзишӣ, ки аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе маблағгузорӣ мешаванд, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 56 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

 

1. Оиннома, андозаи маоши моҳонаи роҳбарият, рӯйхати бастҳои корӣ, фонди музди меҳнати кормандон ва Низомнома «Дар бораи ҳавасмандгардонии кормандони Муассисаи давлатии «Мактабҳо ва иншооти варзишӣ»- и шаҳри Душанбе  тибқи замимаҳои 1, 2, 3 ва 4 тасдиқ карда шаванд.

2. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ҳангоми таҳияи буҷети солҳои минбаъда барои нигоҳдошти муассисаи мазкур маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.

3. Директори Муассисаи давлатии «Мактабҳо ва иншооти варзишӣ»-и шаҳри Душанбе тағйироти мазкурро бо тартиби муқарраргардида дар мақомоти дахлдори  давлатӣ ба қайд гирад.

4. Директори Муассисаи давлатии «Мактабҳо ва иншооти варзишӣ»-и шаҳри Душанбе вазифадор карда шавад, ки пас аз ба имзо расидани қарори мазкур ба тартиби муқарраргардидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати ворид намудани тағйирот ба қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 7 июли соли 2015, №346 «Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии «Нигоҳдошт ва истифодабарии иншоотҳои варзишии оммавӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» лоиҳаи қарори дахлдорро таҳия ва ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд.

5. Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17 декабри соли 2015, №565-3 «Дар бораи тасдиқи Оиннома, фонди оинномавӣ, рӯйхати бастҳои корӣ, фонди музди меҳнати кормандон, андозаи маоши моҳонаи роҳбарият ва Низомнома «Дар бораи ҳавасмандгардонии кормандони Муассисаи давлатии «Нигоҳдошт ва истифодабарии иншоотҳои варзишии оммавӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» аз эътибор соқит карда шавад.

6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси  шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

 

Рустами Эмомалӣ