Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 January 2011

22 январи соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи тартиби ҷорӣ дар моҳи равон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қабули шаҳрвандоне, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи  муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд, сурат гирифт.

Дар асоси муроҷиати  қаблии шаҳрвандон, ки аз ҷониби шӯъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо ин мақсад ба қайд гирифташуда 15 нафар сокинони шаҳр барои қабули шахсӣ пазируфта шуданд.

Дар маҷмӯъ мӯҳтавои муроҷиати шаҳрвандонро масъалаи  баҳси манзили шахсӣ, дастрасӣ ба манзили истиқоматии иҷоравӣ, қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматии индивидуалӣ ва кӯмакҳои молиявию маслиҳатӣ ташкил медод, ки вобаста аз салоҳиятҳо ва муқаррароти шаҳрдорӣ нисбати ҳар кадомашон тадбирҳо андешида шуданд.

Ҳамзамон, бо ибтикори Раиси шаҳр 60 нафар сокинони маҳаллаи “Тахмос”, ки дар даври аввали бартарафсозии  маҳалла қитъаи замини минтақаи мазкур бинобар бунёди Наврӯзгоҳи шаҳрӣ барои эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ гирифта мешаванд ва хонаҳои истиқоматии онҳо мавриди кӯчонидан қарор мегиранд, ҷиҳати баррасии муроҷиаташон оид ба таъминот бо квартираҳои баробарарзиш ва мувофиқаи ошёнаи квартираҳои пешниҳодшаванда дар доираи талаботи қонунгузории кишвар қабул карда шуданд.

Дар ин зимн тартиби муқаррароти қонунгузорӣ ба шаҳарвандон аз ҷониби прокурори шаҳр С. Қодиров фаҳмонида шуда, баҳри дастгирии соҳибмулкон Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид дошт, ки шаҳрдорӣ ба ҳеҷ ваҷҳ нахоҳад гузошт, ки аз тарафи ягон сохтор ё масъуле ба қонуншиканӣ роҳ дода шавад ё худ ҳуқуқҳои соҳибмулкон поймол гарданд.

Барои интихоби шаҳрвандон муқаррар сохт, ки муддати ду рӯз масъулини шаҳрдорӣ 22 биноҳои истиқоматие, ки аз онҳо барои кӯчонидани эшон  квартираҳо пешбинӣ  шудаанд нишон дода шавад ва аз рӯи имкониятҳои воқеӣ ошёнаҳои дархостшаванда пешниҳод карда шаванд. Илова бар он, афзуд, ки баҳри дастгирии иҷтимоии онҳо шаҳрдорӣ омодааст бо таъмини квартираҳои баробарзиш, ки қонунгузорӣ муайян кардааст, ба 57 соҳибмулкони хонаҳои истиқоматии бартарафшаванда, дар асоси муроҷиаташон аз маҳаллаи ”Ховарон”се сотихӣ қитъаи замин барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо намуданро баррасӣ намояд.