Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 Октябрь 2017

 Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе", ба таваҷҷуҳи сокинон ва дигар истифодабарандагони оби нӯшокии пойтахт мерасонад, ки бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикӣ дар истгоҳи обтаъминкунии «Фишорӣ» доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди: 

- ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе», КВД «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», ҶДММ «Кохи Наврӯз» ва кӯчаи Варзишгарон;

- ноҳияи Исмоили Сомонӣ: хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С. Носир, Шотемур, Ф. Ниёзӣ, А. Командир, М. Холов, Л. Шералӣ, Ғ. Абдулло, Азизбеков, Ф. Шаҳобов, Л. Толстой, М. Миршакар, Пушкин ва Теҳрон аз соати 23-00 рӯзи 11 октябри соли 2017 то соати 24-00 рӯзи 12 октябри соли 2017 қатъ мегардад.

Бинобар ин, аз шаҳрвандон ва дигар обистеъмолкунандагон хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

                                        ОБЪЯВЛЕНИЕ

Государственное унитарное предприятие "Душанбеводоканал" доводить до сведения жителей и других водопользователей столицы, что в связи с проведением ремонтно-профилактических работ с целью подготоки к осенне-зимнему периоду на очистной станции "Напорного" водозабора будет прекращена подача питьевой воды по терротирии:

-района Сино: махаллы Шараф, Ал-Беруни, Республиканская клиническая больница №3 имени Дьякова, городской Зоопарк, Центральный спорткомплекс, ООО"Кохи Навруз" и улица Варзишгарон.

-района И.Сомони: проспект Рудаки(от улицы Бухоры до улицы С.Гани), проспект И.Сомони, улицы М.Турсунзаде, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзи, А.Командир, М.Холова, Л.Шерали, Г.Абдулло, Азизбекова, Ф.Шахобова, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкина, Техрон с 23:00 часов 11 октября по 24:00 часов 12 октября 2017 года.

В связи с этим, просьба к жителям и другим водоползователям, сделать необходимый запас воды, на один сутки.