Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 Октябрь 2017

Дар бораи барҳам додани Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур»

 

              Бо мақсади иҷрои татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19, 20 ва 26 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 58-59, 132, 313-315 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои  18 ва 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии   давлатии  шахсони  ҳуқуқӣ  ва соҳибкорони  инфиродӣ»                                                              

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1. Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» барҳам дода шуда, комиссияи барҳамдиҳии он дар ҳайати замимагардида таъсис дода, ҳамзамон вазифадор карда шавад, ки мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тавассути воситаҳои ахбори омма дар хусуси барҳамдиҳии муассисаи мазкур эълон ва маълумотҳои заруриро ба табъ расонида, мақоми бақайдгирии давлатии шахсони  ҳуқуқиро ба таври хаттӣ огоҳ намояд ва пас аз тамом шудани муҳлати пешниҳоди талабот аз ҷониби кредиторҳо тавозуни (баланс) барҳамдиҳии фосилавӣ тартиб дода, барои тасдиқ ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд.

2. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе, Раёсати  андози шаҳри Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» дар якҷоягӣ бо шуъбаи  ҳуқуқи  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади ҳисоббаробаркуниҳои қарздории корхонаи зертобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамчун муассис тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории амалкунанда сарчашмаи пардохти қарзро муайян ва таклифи асоснок пешниҳод созанд.

3. Раёсати рушди иқтисод ва савдо, Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» дар ҳамкорӣ бо Раёсати корҳои дохилаи шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати кутоҳтарин барои боз доштани ҳама намуди фаъолият дар ҳудуди бозори мазкур ва дар якҷоягӣ бо дигар бозорҳои коммуналию хусусӣ, марказҳои савдо бо мақсади ба ҷойҳои нави фурӯш таъмин намудани фурӯшандагон ҷиҳати идома додани фаъолияти соҳибкориашон дар дигар нуқтаҳои савдои муқарраршудаи муносиб чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» дар ҳамкорӣ бо Раёсатҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута пас аз ба анҷом расидани муҳлати барҳамдиҳӣ тибқи тартиби муқарраргардида бартарафсозии биноҳои корхонаро таъмин намуда, масолеҳи сохтмонии коршоям, воситаҳои асосӣ ва молу амволи дар тавозуни корхона қарордоштаро ҷиҳати истифодабарии минбаъдаи онҳо дар дигар муассисаву корхонаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба комиссияи таъсисдодашуда пешниҳод намоянд.

5.  Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Душанбе, Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳри Душанбе ба маълумотҳои бақайдгирӣ ва омори давлатӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.

6.  Аз  қарори  Раиси шаҳри Душанбе аз 01 июни соли 2011 №264 «Дар бораи барҳам додани Корхонаи воҳиди давлатии «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе , Корхонаи фаръии «Идораи маҳсулоттайёркунӣ»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» ва бо роҳи азнавташкилдиҳӣ ба Корхонаи воҳиди давлатӣ табдил додани Корхонаи фаръии «Бозори Шоҳмансур», «Бозори Саховат», «Бозори Деҳқон» ва «Бозори Қарияи боло» калимаҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» хориҷ карда шаванд.

7. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад. 

                                                          

                                                                             Рустами   Эмомалӣ