Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 October 2017

 ш. Душанбе, 30.10.2017, Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар чанд мавзеи пойтахт ба корҳои бунёдкориву созандагӣ асос гузошта шуд.

Нахуст Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба «Боғи кӯдакон ва наврасон» воқеъ дар бурриши кӯчаҳои Мирзо Турсунзода ва Шоҳтемури шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Дар ин ҷо ба Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ лоиҳаи азнавсозии боғи мазкур муаррифӣ карда шуд.

Лоиҳаи азнавсозии «Боғи кӯдакон ва наврасон» аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотӣ»-и САНИИОСП тарҳрезӣ гардида, фармоишгари лоиҳа Дирексияи сохтмони иншооти Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

«Боғи Кӯдакон ва наврасон» дар масоҳати 2,5 гектар доман паҳн намуда, тибқи лоиҳа дар он гулгашту роҳравҳо, фаввораҳо ва нишастгоҳу нишасткурсиҳои сершумор бунёд карда мешаванд. Ҳамчунин, дар боғ амфитеатр бо 240 ҷойи нишаст, таваққуфгоҳи автомобилӣ, майдончаи варзишӣ ва нишастгоҳҳо барои бозии шоҳмот сохта мешаванд. Баҳри дилхӯшии кӯдакон бошад, дар гӯшаҳои гуногуни боғ дастгоҳу лавозимоти бозиҳои кӯдакона насб гардида, дар як ҷониби он бо истифода аз буттаҳои ороишӣ лабиринт бунёд мегардад.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи «Боғи кӯдакон ва наврасон» Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид доштанд, ки шинонидани ниҳоли дарахтони ороишии боғ бо инобати васлу насби дастгоҳҳои дилхӯшии кӯдакона ва иншооти дигари он амалӣ карда шавад. Масъулин вазифадор шуданд, ки ҳангоми корҳои кабудизоркунӣ дар боғ ба ҷойи ниҳолҳои хурд ниҳоли дарахтони нашъунамо ёфта шинонида шавад, ва ниҳолҳои хурд бошад, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ба мавзеъҳои дигари шаҳр интиқол дода шаванд. Ҷиҳати ҳамеша сабзу хуррам нигоҳ доштани гулу гулбутта ва сабзазору дарахтон Раиси шаҳр ба масъулин барои насби низоми муосир ва мукаммали обёрӣ дар боғ дастуру супоришҳо доданд.    

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъулин дастур доданд, ки зимни иҷрои корҳои ободониву кабудизоркунии боғ ба истифодаи масолеҳи хушсифати сохтмонӣ ва сатҳу сифати корҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

Масъулин муваззаф гардиданд, ки бинои Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе, ки даромадгоҳи он аз маркази боғ мегузарад аз таъмир бароварда шавад.

Раиси шаҳр ҳамчунин ба васлу насби низоми муосири равшанидиҳандаи боғ таваҷҷуҳ карда, дастур доданд, ки бояд баҳри сайругашт ва истироҳату фароғат дар боғ дар давоми рӯз, махсусан қисмати бегоҳии рӯз шароити мусоид муҳайё карда шавад, ва тамоми иншооти санитариву гигиении он мутобиқ ба талабот бунёд гарданд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба мавзеи бунёди гулгашти нав дар кӯчаи Ғулом Ғафурови пойтахт ташриф оварда, ба корҳои ободониву созандагии гулгашт аз наздик шинос шуданд. Лоиҳаи гулгашт аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кӯшодаи «Саноатсоз» тарҳрезӣ гардида, корҳои сохтмонӣ ва ободониву кабудизоркунии он бошад, аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» амалӣ карда мешаванд.

Зимни шиносоӣ бо иншооти мазкур ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки тибқи лоиҳа гулгашти мазкур дар масоҳати 3,2 гектар бунёд гардида, дар ҳудуди он сохтмони роҳраву чаманзор ва фаввораҳо дар назар дошта шудааст. Роҳҳои атрофи гулгашт азнавсозӣ гардида, дар ҳудуди он ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида мешаванд. Айни замон дар ин мавзеъ корҳои сатҳу ҳамвор кардани замин идома доранд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъулин дастур доданд, ки дар ин марҳилаи иҷрои корҳо  - замини мавзеъ ба таври зарурӣ коркард гардида, аз санг пурра тоза карда шавад, то барои нашъунамои ниҳоли дарахтон дар оянда шароити хуб фароҳам гардад.

Ҳамчунин, масъулин вазифадор гардиданд, ки дар вақти сохтмони роҳрав ва иншооти дигар мувофиқати онҳо бо тарҳу намуди гулгашти мавҷуда ба инобат гирифта шавад. Баҳри такмил намудани лоиҳаи гулгашт Раиси шаҳри Душанбе ба лоиҳакашон тавсия доданд, ки дар он низоми мукаммали равшанидиҳандаи муосир, бо истифода аз намудҳои гуногуни дастгоҳу таҷҳизоти равшанидиҳӣ истифода гардад.

Зимни боздид аз ин мавзеъ, ҳамчунин, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид доштанд, ки корҳои сохтмонӣ ва ободонии ин ва дигар иншооти шаҳр бояд бо талаботи меъёрҳои байналмилалии шаҳрсозӣ роҳандозӣ гардида, баҳри таъмини шароити шоистаи зисту зиндагонии сокинони пойтахт ба роҳ монда шаванд.