Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 Ноябрь 2017

Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба амалигардонии «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017» дар соли 2017

 

         Бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014 428 «Дар бораи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 10, 11, 15, 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот» ва моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, 428 «Дар бораи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017» ба роҳбарӣ гирифта, мавриди иҷроиш қарор дода шавад.

2. Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба амалигардонии Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017 тасдиқ карда шавад.

3. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоту сохторҳои шаҳрӣ вобаста ба иҷрои қарори мазкур тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, аз натиҷааш ба Раиси шаҳри Душанбе ахборот пешниҳод намоянд.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

 

Рустами Эмомалӣ