Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 Ноябрь 2017

ш.Душанбе, 02.11.2017, Имрӯз дар маросими ботантана дар ҳошияи сафари расмии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳокимияти шаҳри Ашқобод дар бораи барпо намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Ашқобод ақд гардид.

Созишномаро аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва аз ҷониби Ҳокимияти шаҳри Ашқобод Ҳокими шаҳри Ашқобод Шомуҳаммад Дурдилиев ба имзо расонданд.

Маврид ба зикр аст, ки то имрӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе бо 16 шаҳри ҷаҳон муносибатҳои бародаршаҳриро ба роҳ мондааст.