Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 Ноябрь 2017

Дар бораи баргузор намудани Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Рисолати танзим-ислоҳоти маънавӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ»

 

Бо мақсади ташвиқу тарғиб ва пурсамар татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва амалӣ намудани таҷрибаи муассири пешгирии исрофкорӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                                                         

Қарор  мекунам:

 

1.Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Рисолати танзим-ислоҳоти маънавӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ» 9 ноябри соли 2017, соати 9:00 баргузор карда шавад.

 2.Ҳисобномаи баргузории конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Рисолати танзим-ислоҳоти маънавӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ» тибқи замима тасдиқ карда шавад.

3.Шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияиҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбеҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ доир намудани чорабинии мазкур тадбирҳои амалӣ андешанд.

4.Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳое, ки ҳамчун ташаббуси шаҳрвандӣ тариқи эҳсонкорӣ ба суратҳисоби махсус ворид гардидаанд, маблағи 3 990 (се ҳазору нуҳсаду навад) сомониро тибқи харҷномаи замимагардида ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷӣ, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва «Паёми Душанбе» ҷиҳати инъикоси чорабинии мазкур тавассути васоити ахбори омма чораандешӣ намоянд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

 

Рустами Эмомалӣ