Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 January 2011

 

Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиколи оби нӯшокии шоҳқубури д-600мм-и  кучаим  Айни.  

            Бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   №605 аз 23 ноябри соли 2010 «Оид ба давраи дуюми марҳилаи якуми Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе-Кулма», дар қитъаи «Душанбе-Данѓара», бо дарназардошти муроҷиати Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи Лоиҳаи таҷдиди роҳи Душанбе-Чанак» дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   №4 аз 18 январи соли 2011 ҷиҳати пайваст намудани қубурҳои ивазгардидаи д-600мм ва д-300мм дар  кӯчаи Айнӣ, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20-и Қонуни  Конститутсионии Точикистон «Дар бораи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Кодекси оби Ҷумхурии Тоҷикистон.

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.      Нақшаи  замимагардидаи чорабиниҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе»     оиди      муваққатан   ба    муддати    36 (сию шаш) соат қатъ намудани интиқоли обӣ нӯшокӣ дар кӯчаи Айнӣ   тасдиқ карда шавад.

2.      Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни   пайвасткунии   шоҳқубури кӯчаи Айнӣ интиқоли обӣ нӯшокӣ ба қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини Комбинати коркарди чӯб (ДОК), Бӯстон 1,2,3 ва Камола аз соати 09-00 рӯзи 25 январ то соати 22-00 рӯзи 26 январи соли 2011 қатъ мегардад.

3.      Аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимаи обӣ нӯшокиро барои якуним шабонарӯз захира намоянд.

4.      Раиси ноҳияи Шоҳмансур (Ф. Буриев) ва  Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» (Мирзоек К.А.)  дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо обӣ нӯшокӣ таъмин намоянд.

5.      Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (З.Авгонов) ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарӣ таҳти назорат қарор дихад.

6.      Котиби матбуоти Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

7.      Назорати иҷроияи Қарори мазкур ба зиммаи муовини  якуми  Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

 

  М. УБАЙДУЛЛОЕВ