Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 November 2017

 ш.Душанбе, 16.11.2017.   Имрӯз ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 солгарди Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи  “Эмомалӣ Раҳмон-Президенти сулҳофар ва асосгузори давлати миллии тоҷикон" доир гардид.  

 

Конференсия бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии давлатдорӣ, пойдории истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ созмон дода шуда, дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, олимону муҳаққиқон, арбобони давлативу ҷамъиятӣ, намояндагони сохторҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ,   васоити ахбори омма ва муҳассилини муасиссаҳои олии таълимӣ иштирок намуданд.

 

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ бо сухани муқаддимавӣ ба ҳамоиши илмӣ-назариявӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Олимону муҳаққиқон ва намояндагони дигар бахшҳои ҷомеа дар мавзӯъҳои "Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон”, “Пешвои миллат – меъмори сулҳи тоҷикон”,  “Эмомалӣ Раҳмон – кафили сулҳу ифтихори миллат”, “Пешвои миллат ва сиёсати забон”, “Мусолиҳаи миллӣ ҳамчун омили рушди сиёсати хориҷӣ”,  “Пешвои миллат бунёдгузори сиёсати давлатии ҷавонон”,  “Консепсияи нави таърихи халқи тоҷик дар пажуҳишҳои Пешвои миллат", “Эмомалӣ Раҳмон - Пешвои миллат: дарки ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии мавзӯъ” ва ғайра бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд.

 

Тавре дар ҷараёни кори конференсия таъкид гардид, муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи XVI тақдирсози Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз мо 25 солагии баргузории онро таҷлил менамоем, дар он зоҳир мегардад, ки дар марҳилаи навини таърихӣ шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи раҳбарӣ ва давлатдорӣ овард. Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари ҳокимият омад, ки кишвар аз даргириҳои бемаънӣ фалаҷ гардида, ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуда буд.  

 

Маҳз бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баъди зимоми давлатдориро ба даст гирифтан дар амри давлатсозӣ кор аз гузоштани заминаи ибтидоӣ ва асосҳои ғоявии сулҳи миёни тоҷикон, консепсияи сиёсати оштии миллӣ оғоз гардид, ки дар ин замина тадбирҳои нигоҳ доштани якпорчагию тақсимнопазирии марзҳои Тоҷикистон, пуштибонии истиқлолияти миллӣ ва рукнҳои давлатдорӣ ягона ҳадафҳои бунёдӣ ба шумор мерафтанд.

 

Бо талошҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои давлати навини тоҷикон - парчам, нишон, суруди миллӣ қабул шуда, пули миллӣ ба роҳ монда шуд. Тоҷикистон соҳиби Конститутсияи миллии худ гардид.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсис додани артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадӣ ва амнияту милитсия оғоз намуд, то ки ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон пурзӯр карда шуда, амнияти давлатӣ таъмин ва дастовардҳои истиқлолият ҳимоя ва афзун гардонда шавад.

 

Сардори давлат дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда, дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаи мусоид муҳайё гардад.

 

Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати кордониву сиёсати пайгиронаи Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардид, ки хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ намоем. Дар замони ниҳоят пуртазоди соҳибистиқлолӣ нақши созандаи Пешвои миллат, пеш аз ҳама, дар амри таҳким ва такмили рукнҳои давлатдорӣ, ки заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро амалан таъмин мекунад, равшантар зоҳир гардид.

 

Ҳамчунин ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла, аҳзоби сиёсӣ, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма бо дарки масъулият дар назди халқу Ватан дар ҷодаи таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии мамлакат ибтикори ҳамешагӣ нишон медиҳанд. 

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давраи бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба зуҳур оварда, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд. Фаъолияти созандаву бунёдкоронаи Эмомалӣ Раҳмон  барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.

 

Имрӯз низ сиёсати давлатӣ, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, ҳадафҳои стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи сиёсати миллӣ дар сатҳи иҷтимоиро пайгирона дунбол менамояд. Боварии комил дорем, ки миллати тоҷик зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафҳои стратегии худ ноил гардида, рушди ҳамаҷонибаи кишвар таъмин карда мешавад.

 

Дар хатми кори конференсия иштирокчиёни ҳамоиш андешаҳои худро атрофи масъалаҳои арҷргузорӣ ба арзишҳои миллии давлатдорӣ, пойдории истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати навини тоҷикон баён намуданд. Бо ҳамин конференсия ба кори худ хотима бахшид.