Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 November 2017

Дар бораи баргузор намудани мусобиқаҳои варзишии «Веломарафон» ва «Дави миллӣ» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

 Бо мақсади иҷрои дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2017, №253651 (26-7), таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим, ҷиҳати дар сатҳи баланди касбиву ташкилӣ баргузор намудани мусобиқаҳои варзишии «Веломарафон» ва «Дави миллӣ», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 8 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва моддаи 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»                                                                              

                            Қ А Р О Р          М Е К У Н А М:

1.Мусобиқаҳои варзишии «Веломарафон» ва «Дави миллӣ» 24 ноябри соли 2017, аз соати 1100 то 1400 тибқи замимаи 1 гузаронида шаванд.

2.Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва баргузор намудани мусобиқаҳои варзишии «Веломарафон» ва «Дави миллӣ» дар шаҳри Душанбе тибқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.

3.Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаҳои варзишии «Веломарафон» ва «Дави миллӣ» дар шаҳри Душанбе чораҳои зарурӣ андешанд.

4.Аз роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт, муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилотҳои шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки ширкати фаъолонаи иштирокчиёнро дар чорабиниҳои варзишии зикргардида таъмин намоянд.

5.Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таъмини асбобҳои пахши садо ва омодасозии макони оғозу анҷом, инчунин ҳаллу фасли масъалаҳои тарғиботии мусобиқаҳои зикргардида тадбирҳои мушаххас андешанд.

6.Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии ёрии таъҷилӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ҳангоми баргузории чорабиниҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

7.Сохторҳои алоқаманди дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани чорабиниҳои мазкур мусоидат намоянд.

8.Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкур ва ҷараёни баргузории чорабиниҳоро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

9.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М. ва Саидзода Қ.Т. гузошта шавад.

 

 

 

Рустами Эмомалӣ