Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 November 2017

 ш.Душанбе, 24.11.2017, Имрӯз ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангу фароғатии С.Айнии пойтахт чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Парчам-рамзи ҳувият ва  иттиҳоди миллати тоҷик» доир гардид.

Дар ибтидо беш аз 1000 нафар ҷавонони пойтахт бо парчамҳои миллӣ роҳпаймоӣ намуда, ҳамчун рамзи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ба пояи муҷассамаи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ гулчанбар гузоштанд.

Сипас дар Амфитеатри Боғи С.Айнӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Парчам-рамзи ҳувият ва иттиҳоди миллати тоҷик» баргузор шуд.  Дар оғоз табрикоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи иштирокчиёни тантанаҳо расонид.

 Тавре дар ҷараёни чорабинӣ таъкид гардид, парчами давлатӣ  нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон ба шумор меравад.

Парчам ва ойини парчамдорӣ дар миёни мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо мақоми шоиста дошта, ҷузъи муҳимми фарҳанги давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. 

Бо дарназардошти муҳиммияти суннати парчамдорӣ баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар раванди ташаккули низоми давлатдории муосир баробар бо қабули Конститутсия ва дигар рамзҳои давлатӣ парчами кишвар ҳамчун нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллӣ қабул гардид.

Гузаштагони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоя кардаанд. Яъне парчами давлатӣ барои мо як пораи одии матоъ набуда, балки дар он даъват ба муттаҳидӣ, ваҳдат, ғайрату номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум ва саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар таҷассум гардидааст.

25 сол муқаддам, 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи ХУ1 таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон дар қатори дигар рамзҳо Парчами давлатии Тоҷикистон қабул гардид ва минбаъд ин сана ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Дар ин раванд, соли 2009 ба нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи  нангу номуси ватандорӣ Парчами давлатии Тоҷикистон дар пояи баландтарин афрохта шуд, ки имрӯз мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди бонангу номус буда, майдони ҷойгиршавии он макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гардидааст. 

Ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол парчами миллии мо имрӯз дорои се ранг аст: сурх - рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед - нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландӣ, хуррамӣ ва абадият мебошад.

Воқеан, парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарасти мамлакат ба ҳисоб рафта, 24-уми ноябри ҳар сол Рӯзи парчам бо камоли ифтихору эҳтиром нисбат ба яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад.

Сокинони пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе, бахусус насли ҷавону ояндасоз сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, хуб дарк кардаанд, ки эҳтироми Парчами давлатӣ маънои арҷгузориву ифтихор ба давлат, ба гузаштаву имрӯз ва фардои халқи азизамон буда, омили муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ мебошад.

Дар зарфи бисту шаш соли истиқлолият бо саъю талоши ватандӯстонаи кулли мардуми шарафманди тоҷик ва бахусус Аосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори устувори давлатдории миллӣ гузошта шуд. Ва минбаъд низ зери Парчами давлатӣ ояндаи дурахшон ва ободиву пешрафти ин сарзамин таъмин гардида, барои халқи азизи Тоҷикистон зиндагии пурсаодат фароҳам оварда мешавад.

Сипас дар саҳнаи Амфитеатр бо иштироки устодони ҳунар ва санъаткарони ҷавони тамоми манотиқи кишвар дастагули фарҳангии пур аз савту наво таҳти унвони «Парчам-рамзи ҳувият ва  иттиҳоди миллати тоҷик» пешкаши иштирокчиёни тантанаҳо гардонда шуд.

Лозим ба зикр аст, ки дар тантанаи идона ба ифтихори ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ  дар баробари сокинони пойтахт инчунин 150 нафар ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар, ки дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон дар шаҳри Душанбе қарор доранд ширкат варзиданд.

Ба ифтихори  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим бо иштироки намояндагони сохторҳои   мақомоти давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт, муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилотҳои шаҳри Душанбе мусобиқаҳои варзишии «Веломарафон» ва «Дави миллӣ» баргузор гардид.