Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 November 2017

                                                                                Муроҷиатномаи

иштирокчиёни Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

23- юми ноябри соли 2017                                                                  ш. Душанбе

 

                                          Ҳамсолони азиз,

Ватани азизамон - Тоҷикистон маҳз дар зери сиёсати оқилона ва ояндасози Пешвои миллат дар дунё худро воқеан давлати соҳибихтиёр муаррифӣ намуда, дар муддати кутоҳи таърихӣ аз кишвари гирифтори ҷанги таҳмилӣ ба як давлати ташаббускор дар сатҳи байналмилалӣ табдил ёфтааст, ки барои ҳар як ҷавони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар мактаби бузурги ифтихори миллӣ мебошад.

Имрӯз мо ифтихор аз он дорем, ки намояндаи ҷавони аҳли зиёи миллати куҳанбунёди тоҷик дар замони истиқлол ҳастем ва дар амалӣ намудани сиёсати хирадмандона, созанда, бунёдкорона ва инсонпарваронаи Пешвои миллат саҳми худро гузошта истодаем.

Ватани азизу давлати обод ва миллати сарбаландамон фараҳманду ифтихорманд аз онанд, ки имрӯзҳо таҳти роҳбарӣ ва роҳбаладии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лобалои вазъияти басо мушкилу печидаи сиёсисиву иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ қадамҳои усувори умедбахшу ояндасоз ниҳода, дар ин ҷода мо - ҷавонони саодатманди кишварро ҳамчун пешоҳанги ташаббусҳои созанда муқаррар намудаанд.

Ҷавонон дар ҳама давру замон ҳамчун захираи зеҳниву кадрии ҷомеаи оянда дониста шудаанд. Аммо дар ҷомеаи Тоҷикистони навин мо ҷавононро на ба хотири фардо, балки барои татбиқи нақшаҳои созандаи имрӯз низ ҳамфикру ҳаммаслак донистаанд.

Ба неруву қудрати зеҳнӣ, навовариву ташаббускорӣ ва ояндасозии мо пеш аз ҳама Пешвои муаззами миллат бовар доранд. Ин ифтихори бузург ва таҷрибаи бесобиқа аст.

 Ҳамватанони гиромӣ,

Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» бори дигар моро дар кори ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои соҳибистиқлолӣ, эҳтироми таъриху фарҳанг ва ташаббускорӣ дар ҷабҳаҳои бунёдкориву созандагии Ватани маҳбубамон дилгарм ва фараҳманд гардонидааст. Аз ин рӯ, мо бо дарки ин масъулият ҷиҳати бунёди ҷомеаи созгор ва барои зиндагии арзанда ва шоистаи Тоҷикистони азизамон бо истифода аз донишу малака ва нерӯву тавони тозаамон кӯшиш менамоем.

Мо ҷавонон ҳидоятҳои наҷиб ва созандаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам буда, талаботи замонро пайваста дарк менамоем ва манфиати миллату амнияти давлати соҳибистиқлоламонро бо зиракии сиёсии хеш ҳимоя месозем.

Мо ҷавонон дар сарҳад ва дигар сангарҳои кишвар муҳофизати марзу бум ва амнияти мамлакатро таъмин намуда, дар майдонҳои ҷаҳонӣ бо неруву тавони ҷисмониву ақлонии хеш парчами кишварро баланд мебардорем ва бо донишмандиву забондонии худ фарҳангу ҳунар ва таъриху тамаддуни халқи тоҷикро муаррифии шоиста менамоем.

Мо дар мактаби бузурги Пешвои муаззами миллатамон тарбият ёфтаем.

Мо Пешвои худро саминонаву содиқона дӯст медорем. Пайравӣ аз Пешвои миллат бароямон шарафи бузург буда, муҳофизати дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун масъулияти баланди ҷавонмардӣ дарк менамоем.

Ҳамсолони азиз,

Мо намояндагони ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар – иштирокчиёни Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон миннатдории самимонаи худ ва тамоми ҷавонони кишварро ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ фароҳам овардани чунин шароит бо як ҷаҳон таассуроти саршор аз шодию фараҳ иброз менамоем.

Мо дарк менамоем, ки қувва, дониш ва малакаи инсон як ҳудуди муайяни худро дорад, вале таъриху таҷриба собит намуд, ки бо истифода аз мактаби ободкорию созандагӣ ва меҳнатдӯстии Пешвои миллат муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар як муддати кутоҳ шукуҳи шоҳонаи пойтахти азизамонро симои тозаву идона бахшида, бо як меҳру муҳаббати самимона нисбати мо насли ҷавон Сарпарастии соли ҷавононро ба уҳда гирифта, бароямон тамоми шаротиҳои заруриро ҷиҳати таълиму тарбия ва пешбурди тарзи ҳаёти солим фароҳам овард.

Ҷавобан ба чунин ғамхориҳо, дастгириву боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату ҳукумат моро мебояд аз имрӯз дида Ватани маҳбубамонро бештару сидқан дӯст дорем, манфиатҳои миллиамонро дар ҳама ҳолат ҳифз намуда, авлотар аз манфиатҳои шахсӣ гузорем, муборизи дахли бегонагон ба фарҳанги миллиамон бошем, донишу маърифати хешро мутобиқ ба талаботи ҷаҳону замони муосир гардонида дар арсаи байналмилалӣ муаррифгари шоистаи Тоҷикистон бошем. Пайравони содиқи Пешвои миллат ва муҳофизи асили дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошем:. 

Мо ҷавонони саодатманд,

Бо ватан чун ҷон ба тан пайванд.

Пайравони Пешво ҳастем,

Ҳар замон гирем аз Ӯ панд.

Тоҷи истиқлоли миллатро,

Парчами ҳамболи миллатро,

Сарвари иқболи миллатро

Чеҳраи хушҳоли миллатро,

Мо ҷавонон дӯст медорем,

Мо ҷавонон дӯст медорем.