«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 Декабрь 2017

Дар бораи даъват намудани иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»                                                                                   

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум 11 декабри соли 2017, соати 900 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 80 даъват карда шавад.

2. Ба рӯзномаи иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

2.1. Гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба  интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №№ 58, 61 ва 67.

2.2. Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018».

2.3. Баррасии лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2018 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2016.

2.4. Баррасии лоиҳаи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025».

2.5. Оид ба тасдиқ намудани қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 июли соли 2017, №395 «Дар бораи Дурнамои рушди савдо ва хизматрасониҳои маишӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2017 - 2025».

2.6. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

3. Барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ тибқи замимаи 1 таъсис дода шавад.

4. Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум хоҳиш карда шавад, ки тибқи замимаи 2 то 9 декабри соли 2017 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, пешниҳодҳои мушаххасро манзур намоянд.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраргардида муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридгардидаро ба гурӯҳи корӣ манзур созад.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н. гузошта шавад.  

 

 

   Рустами  Эмомалӣ