Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 December 2017

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати татбиқи “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020

 

Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2012, №334 “Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020”,  Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 24 июли соли 2017, №149, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»:

 

Қ А Р О Р     М Е К У Н А М:

1. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати татбиқи “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020 тасдиқ карда шавад.

2. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдор барои иҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳои замимагардида чораҳои амалӣ андешанд.

3. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани муқаррароти дарҷгардида ба мақомоту сохторҳои мутасаддию иҷрокунанда шароити зарурӣ муҳайё намуда, нақшаи чорабиниҳоро қабул ва иҷрои сифатноки  онро таъмин намоянд.

4. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳар сол то 20 декабр ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе то 15 январи ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалигардидани “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” гузориш таҳия ва пешниҳод намояд.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси муҳтавои қарор ва раванди татбиқи нақшаи чорабинии мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

 

                                                                               Рустами  Эмомалӣ