Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 December 2017

 ш.Душанбе, 11.12.2017,  Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи сездаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид.

Дар кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинони  Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбар ва муовини роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳо ва муассисаву корхонаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Иҷлосияи сездаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе даъват карда шуда, таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.

Вакилони халқ дар оғоз котибот ва ҳайати таҳририяи иҷлосияро интихоб ва рӯзномаи кори онро тасдиқ карданд.

Ба рӯзномаи кори иҷлосия масъалаҳо оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №№ 58, 61 ва 67, ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018», баррасии лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2018 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2016, баррасии лоиҳаи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025», оид ба тасдиқ намудани қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 июли соли 2017  «Дар бораи Дурнамои рушди савдо ва хизматрасониҳои маишӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2017 - 2025» ва тасдиқи як силсила қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид шуда буданд.

Дар ибтидо иҷлосия натиҷаҳои интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо аз 19 ноябри соли 2017 дар ҳавзаҳои интихоботии №№ 58, 61 ва 67 ҷамъбаст намуда, ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо дар ҳавзаҳои номбурда тасдиқ кард.

Дар иҷлосия Раиси  шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанберо дар ёздаҳ моҳи соли 2017 ҷамъбаст ва вазифаҳоро барои соли 2018 муайян карданд.

Тавре зикр гардид, мувофиқи маълумоти пешакии оморӣ Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017 ба 7510,0(ҳафт миллиарду панҷсаду даҳ) миллион сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,8 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 17,7 фоизро ташкил дод.

Дар моҳҳои январ – сентябри соли 2017 сохтори Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) аз ҳисоби  истеҳсоли молҳо 22,9 фоиз , хизматрасонӣ 73,2 фоиз  ва андозҳо 3,9 фоиз ташаккул ёфтааст.

Дар моҳҳои январ – ноябри соли ҷорӣ рушди МММ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 103,6 фоиз, боркашонӣ 101,4 фоиз, гардиши савдои чакана 101,3 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 103,7 фоиз таъмин гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 467 корхонаи саноатии шакли моликияташон гуногун, бо дарназардошти субъектҳои хусусӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1406,6(як миллиарду чорсаду шаш) миллион сомонӣ баробар гардид, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1фоиз зиёд мебошад.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни муҳокимаи масъалаҳо таваҷҷуҳи вакилони халқ ва масъулини соҳаҳоро, қабл аз ҳама, бо дарназардошти татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ба иҷрои корҳои сохтмонию меъморӣ, махсусан назорати маҳсулоти сохтмонӣ ва риояи талаботи санъати меъморию шаҳрсозӣ ҳангоми бунёди бинову иншоотҳо ва такмили фаъолияти комиссияи давлатии қабули иншоотҳо равона сохта,   Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанберо вазифадор карданд, ки дар самти назорати риояи иҷрои муҳлати қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе оид ба иҷозатномадиҳӣ ва ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони иншоотҳо, инчунин ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳо вобаста ба ғасби қитъаҳои замин чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳр супориш гирифтанд, ки   бо мақсади ободу зебо гардонидани симои кӯчаю хиёбонҳои пойтахт бо истифода аз иқдомҳои шахсони эҳсонкор корҳоро дар самти таъмир ва рангубори намои бинову иншоотҳои истиқоматӣ, ҷамъиятӣ ва маъмурӣ, инчунин таъмир ва азнавсозии роҳҳо ва иншоотҳои ирригатсионӣ мунтазам идома дода, ҷиҳати беҳбуд бахшидани вазъи бо обтаъминкунӣ ва хизматрасониҳои коммуналию манзилӣ, аз ҷумла таъмини аҳолӣ бо неруи гармӣ тадбирҳои мушаххас андешида, дар мавсими тирамоҳу зимистон, алалхусус дар рӯзҳои боришот ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани системаи ирригатсионӣ, каналу селпартоҳо ва таҳшингоҳҳо   навбатдории шабонарӯзиро ба роҳ монанд.

Раиси шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи масъулини соҳаҳои саноату энергетикаро ба баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои пойтахт, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва бартараф кардани камбудиҳои соҳа, барқарор намудани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, инчунин афзунсозии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии баландсифат ва рақобатпазир ҷалб намуда, бо қотеият талаб карданд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ҷиҳати муайян намудани шумораи корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва таъсиси тавлидгоҳҳои нав новобаста аз шакли моликият нақшаи амал таҳия ва татбиқи амалии онро таъмин намоянд.

Роҳбарону масъулини бахши нақлиёт ва сохторҳои марбутаӣ он уҳдадор шуданд, ки ҷиҳати танзими реҷаи ҳаракати автобусҳо дар хатсайрҳо корҳоро ҷоннок карда, дар доираи шарикии давлат ва бахши хусусӣ  вусъат додани корҳо дар самти насби таҷҳизоти электронии пардохти ғайринақдӣ дар тамоми нақлиёти мусофирбари истифодаи умуми шаҳри Душанбе,  пешгирии тамбашавӣ, инчунин ташкили  терминалҳои муосири мусофирбарӣ дар назди даромадгоҳҳои пойтахт ва марказҳои хизматрасонии таъмири техникаи нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ  тадбирҳои дахлдорро чораҷӯӣ намоянд.

Муассисаву корхонаҳои коммуналӣ бобати  дар фасли зимистон тоза нигоҳ доштани роҳҳои ҳудуди пойтахт, захира намудани заҳрхимикатҳо ва дигар маводҳои зидди лағжиш, таҷдиди техникаи барфрӯбӣ ва партовкашонӣ, азнавсозии истгоҳҳои замонавии нақлиёти мусофирбарии ҳудуди шаҳри Душанбе, пешгирии ҳолатҳои зиддисӯхтор, инчунин ҷиҳати ба талаботи оташнишонӣ ҷавобгӯ будани иншоотҳои шаҳри Душанбе тадбирҳои мушаххас андешида,  дар ҳамкорӣ бо роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе бобати пешгирии омилҳои коррупсионӣ миёни кормандон чораҳои саривақтиро роҳандозӣ намоянд.

Сарраёсати маориф, Раёсатҳои тандурустиву фарҳанг ва дигар сохторҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки ба беҳтар кардани сатҳу сифати таълиму тарбия ва   фаъолияти омӯзгорон, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, танзими талаботҳои санитарию эпидемиологӣ ва истифодаи воқеии нархномаи ташхису табобат, масъалаҳои ахлоқ, риояи расму оин, талқини худогоҳиву худшиносӣ, ҳифзи анъанаҳои фарҳангӣ, пойдории забони давлатӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ, маданияти муошират бо шаҳрвандон, пешгирии ҳолатҳои ифротгароиву хурофотпарастӣ ва ҳифз намудани фарҳанги миллӣ аз бегонапарастӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, вобаста  ба риояи талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки зиёиён, адибон, шоирон, собиқадорони меҳнат ва руҳониёни бонуфуз чорабиниҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшанд ва ҷиҳати истифодаи  дуруст ва самараноки иншоотҳои варзишии навсохташуда ва ба таври ройгон истифода бурдани онҳо аз ҷониби наврасону ҷавонон тадбирҳои заруриро чораҷӯӣ намоянд.

Сохторҳои дахлдор вобаста ба фаъолияти марказҳои савдо, бозорҳо, корхонаҳои савдои хӯроки умумӣ ва маишӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои савдо, талаботҳои меъморию шаҳрсозӣ, санитарию эпидемиологӣ ва зиддисӯхтор, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва ба пуррагӣ аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, пешгирӣ ва манъи воридоти молу маҳсулоти пастсифат, махсусан гушти мурғ, ширу ҳасиб чораҳои зарурӣ андешида, талаботи воқеии аҳолии шаҳрро барои ташкили бозорҳо омӯхта, ҷиҳати ҷойгиркунии бозорҳо дар маҳаллаҳои алоҳида аз рӯи зарурият ва таъмини рақобати солим ва бартараф намудани бозорҳои сарироҳӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намояд.

Ба Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки бо мақсади таъмини рушди босуръати нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр, иҷрои пурраи нақшаи даромади буҷет ва андозҳои ноҳияҳои шаҳр, бо дарназардошти ҳифзи муҳити зист ва экология ҷиҳати сари вақт тоза нигоҳ доштани партогвгоҳҳо ва баровардани партовҳо, инчунин оид ба иҷрои нақшаи ниҳолшинонӣ, гулзоркунӣ ва кабудизоркунӣ, тозаю зебо нигоҳ доштани гулгаштҳо ва кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Душанбе, инчунин пешгирии ҳолатҳои фавқулодаро зери назорати қатъӣ қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Иҷлосия буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2018 ва иҷрои буҷети шаҳрро дар соли 2016, "Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025"  ва "Дурнамои рушди савдо ва хизматрасониҳои маишӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2017-2025"-ро  пас аз баррасии ҳамаҷониба тасдиқ кард.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз роҳбарон ва масъулини тамоми сохторҳо бо қотеият талаб карданд, ки тамоми камбудӣ ва нуқсони мавҷударо сари вақт бартараф намуда,   дастуру супоришҳои роҳнамунсози Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри пешрафт, тараққӣ ва ободонии шаҳр ҷиҳати фароҳам овардани зиндагии шоиста ба тамоми қишрҳои ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд.

Иҷлосияи сездаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як қатор қарорҳои қабул намудаӣ Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои муҳими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ баррасӣ ва тасдиқ кард.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул шуданд.