Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 December 2017

Дар бораи омодагӣ ва таҷлили Соли нави мелодии 2018 дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ таҷлил намудани Соли нави мелодии 2018 ва фароҳам овардани шароити мусоиди фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»                  

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1.Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Соли нави мелодии 2018 тибқи замима тасдиқ карда шавад.

2.Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М., муовинони Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Назирмадзода Б., Саидзода Қ.Т., Ҷумазода Ф.Т., Раҳимзода Т.К., роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н., раисони ноҳияҳои  шаҳр (Табарзода Ҷ.А., Ҳакимзода Н.Ҳ., Самӣ Ш.Ҳ., Салимзода Н.Ф.), роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд.

3.Муовини Раиси шаҳри Душанбе (Муинӣ М.М.), шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ фароғатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4.Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар рӯзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳо ҷиҳати ҳифз ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии ёрии таъҷилӣ ва бехатарии зиддисӯхтор чораҳои зарурӣ андешанд.

5.Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи  Раиси  шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

6.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якум ва муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

     Рустами Эмомалӣ