Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 December 2017

Дар бораи ройгон истифода намудани нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло аз хизматрасонии нақлиёти мусофирбари истифодаи умум (ба истиснои  нақлиёти сабукрави таксӣ)

 

Бо мақсади дастгирии моддӣ-маънавии нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло бо инобати қарори маҷлиси васеи роҳбарону масъулини корхона ва ҷамъиятҳои нақлиётии шаҳри Душанбе аз 30 сентябри соли 2017, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт»

 

                                             ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Аз 15 декабри соли 2017 хизматрасонӣ тавассути нақлиёти мусофирбари истифодаи умум (ба истиснои таксӣ) дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда (чиптаи имтиёзноки солона ё корти имтиёзноки пардохти электронии роҳкиро) тариқи ройгон ба роҳ монда шавад.

2. Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамот-расон» якҷо бо корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1, 2, 3», «Троллейбус» ва ҷамъиятҳои нақлиётие, ки дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ ҳамлу нақли мусофиронро амалӣ менамоянд:

 - ҷиҳати дастгирии моддӣ-маънавии нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло барои истифодабарии ройгон дар воситаи нақлиёти мусофирбари истифодаи умум (ба истиснои таксӣ) ҳамаҷониба мусоидат намуда, чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд;

       - дар ҳамбастагӣ бо Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани раванди мазкур, аз ҷумла бо риояи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда гузаронидани корҳои нозиротӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар ин самт тадбирҳои мушаххаси мақсаднок андешанд.

3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» ва «Телевизиони Душанбе» инъикоси муҳтавои қарори мазкурро            тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ ба роҳ монанд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

 

 

                                                                                Рустами Эмомалӣ