Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 Декабрь 2017

Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии шоҳқубури қутраш 600 мм, воқеъ дар кӯчаи Б.Ғафуров      

 

Бо мақсади пайваст намудани қубурҳои хобонидашудаи қутрашон 600 мм ба қубурҳои амалкунанда дар иншооти «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Турсунзода – сарҳади Узбекистон (аз пайкараи А.Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе), мавқеи километрҳои аз 1,2 то 1,9 хиёбони Н.Махсум», бо инобати муроҷиати   Маркази   татбиқи  лоиҳаҳои  таҷдиди роҳҳо №1287 аз 1 декабри соли 2017 мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»    

 

 ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1. Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе», Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва Филиали Корпоратсияҳои роҳҳо ва кӯпрукҳои «Синдзян Бейсин» ЛТД барои муваққатан қатъ намудани итиқоли оби нӯшокии шоҳқубури қутраш 600 мм, воқеъ дар кӯчаи Б.Ғафуров тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.

2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино: маҳаллаҳои 92, 82, 101, 102, 112, Испечак-1,2, Қазоқон-1,2,  Ободкорон, Бунёдкорон ва кӯчаи Н.Махсум аз соати 2200 рӯзи 20 декабри соли 2017 то соати 2400 рӯзи 21 декабри соли 2017 қатъ мегардад.

3. Аз сокинони маҳаллаҳои мазкур хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

4. Раиси ноҳияи Сино – Салимзода Нусратулло Файзулло ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Убайдов М.Д. дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

5. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор дихад.

6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе  Зувайдзода М.М. гузошта шавад.

 

                                                                                                                  Рустами   Эмомалӣ