Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 Декабрь 2017

Дар бораи қатъ намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳангоми баргузории Шоу - барномаи идона бахшида ба таҷлили Соли нави мелодии 2018  

 

Бо мақсади таъмини иҷрои банди 12-и Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Шоу-барномаи солинавӣ бахшида ба таҷлили Соли нави мелодии 2018, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаи  10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»

                                                

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар хиёбони Рӯдакӣ 31 декабри соли 2017 аз соати 1930 то 2200 тибқи нақшаи замимагардида манъ карда шавад.

2. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаҳои ҳамшафати макони баргузории чорабиниҳои идона ва бехатарии ҳаракати шаҳрвандон чораҳои мушаххаси мақсаднокро роҳандозӣ намояд.

         3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» ва «Телевизиони Душанбе» инъикоси муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ ба роҳ монанд.

         4. Назорати иљрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шањри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

 

                                                                     

                                                                                     Рустами Эмомалӣ