Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 Декабрь 2017
ш.Душанбе, 28.12.2017,  Имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ таҷлил намудани Соли нави мелодии 2018 ва фароҳам овардани шароити мусоиди фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт намоишномаи кӯдаконаи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони "Шаҳри афсонаҳо" доир гардид.

Дар чорабинӣ наздики 1900 кӯдакони маъюб, ятим, бепарастор, аз оилаҳои ниёзманд, тарълимгирандагони мактаб-интернатҳо, ғолибони олимпиадаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ иштирок доштанд.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе М. Зувайдзода ифтитоҳ намуда, паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати ҳулули Соли нави мелодии 2018 ба унвони тамоми бачагони пойтахт расонд.

Сипас ба таваҷҷуҳи иштирокчиёни чорабинӣ намоишномаи "Шаҳри афсонаҳо" пешкаш гардид. Воқеаву рӯйдодҳои намоишнома дар саҳнаи Сирки давлатӣ бо ороишоти  афсонавӣ - муҷассамаи  бошукӯҳи  Аноҳито – рамзи фариштаи об, дувоздаҳ бурҷи кайҳонӣ ва  шаҳраки афсонавӣ бо иштироки ансамблҳои рақсии кӯдаконаи "Ғунчаҳои пойтахт", "Ситораи Умед", "Лаъл", "Лола", "Гулрез", "Зебо", шогирдони мактаб-интернати махсуси мусиқии ба номи М.Атоев, дастпарварони Маркази эстетикии кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе, муҳассилини мактабҳои мусиқии шаҳри Душанбе, гурӯҳи балети бачагонаи Коллеҷи хореографии  ба номи М. Собирова, ҳунармандони театри  таҷрибавии тамошобини ҷавони ба номи М. Қосимов ва дигар марказҳои фарҳангии пойтахт ба таври хотирмону таъсирбахш сурат гирифт.

Дар намоишнома тавассути амалиёт ва бархӯрди неруҳои некӣ  ба сурати рамзи фариштаи об Аноҳито ва мулчарҳои дувоздаҳгона  бо неруҳои аҳриманӣ пирӯзии қувваҳои  некӣ бар бадӣ, ситоиши сарзамини биҳиштосою афсонавии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва пойтахти он шаҳри дилорои  Душанбе  талқин мегардад.

Намоишномаи кӯдаконаи "Шаҳри афсонаҳо" хеле хотирмон ҷараён гирифта, ба иди ҳақиқии дӯстиву якдилии бачагон табдил ёфт.

Дар ҷараёни чорабинӣ ба тамошобинони барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ва   иштирокчиёни намоишномаи "Шаҳри афсонаҳо" беш аз 2500 адад туҳфаҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тақдим гардид.