Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
31 Декабрь 2017

 ш.Душанбе,  31.12.2017 , Шоми имрӯз дар майдони "Дӯстӣ"-и  пойтахт бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати ҳулули Соли нави мелодии 2018 барномаи фарҳангӣ - фароғатӣ таҳти унвони "Соли нав - Иқболи нав" бо иштироки устодони ҳунар ва ҳаваскорони санъати ҷавони пойтахт доир гардид.

Майдони "Дӯстӣ"-и пойтахт барои   истиқбол аз Соли нави мелодии 2018 ба таври идона оро ёфта, бо навиштаҷоту овеза ва  дигар ороишоти марбута зинат дода шуда буд.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе М. Зувайдзода ифтитоҳ намуда, паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2018 ба иштирокчиёни чорабинӣ ва кулли сокинони пойтахт расонд.

Сипас дар саҳнаи майдон, ки мутобиқ ба мазмун ва мундариҷаи чунин чорабиниҳо ороста шуда буд, шоу-барномаи фарҳангии "Соли нав - Иқболи нав" бо ҳунарнамоии санъаткорони шинохта ва ҳаваскорони ҷавон доир гардид.

Чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба фарорасии соли нави мелодии 2018 дар чор ноҳия пойтахт, аз ҷумла ноҳияи Шоҳмансур дар майдони 800 солагии Москва, ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, ноҳияи Фирдавсӣ дар саҳни майдони назди Сирки давлатии Тоҷикистон ва ноҳияи Сино дар майдони Синои пойтахт бо иштироки ҳунармандону ҳаваскорони санъати пойтахт баргузор шуданд.

Дар анҷоми чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ба ифтихори ҳулули соли нави мелодии 2018 аз панҷ нуқтаи шаҳр - назди Майдони "Дӯстӣ"-и пойтахт, майдони назди Театри давлатӣ-академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, майдони назди Сирки давлатии Тоҷикистон, Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ва майдони назди бинои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мушакпарронии  идона  сурат гирифт.