Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 Январь 2018
ш.Душанбе, 06.01.2018.  Имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба мақсади оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бо иштироки бонувони сохторҳои вазорату идора, раёсату муассиса ва ташкилоту корхонаҳои пойтахт бахшида ба таҷлили сазовори Рӯзи модар мусобиқаи волейболбозон барои дарёфти "Ҷоми  Раиси шаҳри Душанбе" оғоз гардид.

Дар мусобиқа 25 дастаи бонувон аз корхонаву муассисаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе байни худ қувва меозмоянд.

Мусобиқа 6-уми январ бо бозии дастаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва "Насли солим"-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе оғоз гардида, дар арафаи Рӯзи модар  6-уми марти соли 2018 ҷамъбаст карда мешавад.

Ғолибон бо "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе" ва мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз мегарданд.