«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 January 2018

ш.Душанбе, 10.01.2018. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ташреҳ ва тарғиби  мазмуну муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи мулоқоту вохӯриҳоро бо намояндагони соҳа ва сохторҳои пойтахт тасдиқ кард.

Дар асоси нақшаи мазкур бо мақсади шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи тарғиботӣ дар шаҳри Душанбе вохӯриҳо бо кормандони соҳа ва сохторҳои гуногун  оғоз гардиданд.

Мулоқотҳо асосан бо фарогирии кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, олимон, фаъолони маҳал, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва собиқадорони меҳнат баргузор мешаванд.

Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 10 то 19 январи соли 2018 бо намояндагони соҳаҳои тандурустиву маориф, фарҳангу варзиш, нақлиёту саноат, савдо, иқтисод, андоз, сохтмону коммуналӣ, занону ҷавонон, имомхатибони масчидҳо ва дигар сохторҳо вохӯрӣ гузаронида, мазмуну муҳтавои Паёми солонаи  Пешвои миллатро шарҳ дода, барои амалӣ намудани нуктаҳои асосии он маслиҳату машваратҳои муфид медиҳанд.

Маърӯзакунандагон зимни вохӯриву мулоқотҳо таъкид карданд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат хусусияти иҷтимоӣ дошта, пурра барои манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон ва бо ҳаёти шоиста таъмин намудани онҳо равона гардидааст.