Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 January 2018
Дар бораи ба тавозуни Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» гузаронидани истгоҳи насосии обтаъминкунӣ ва хатҳои муҳандисӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 173 ва 175 ва дар кӯчаҳои Бухоро 25 ва Ҳусейнзода 10                               

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани истифодабарии истгоҳҳои насосии обтаъминкунӣ, беҳтар намудани ҳолати таъмини сокинони бинои баландошёнаи бисёрҳуҷрадор бо оби ошомиданию хизматрасонии корезӣ, бо инобати муроҷиатҳои ҶДММ «Сарманзил-2014» аз 22 ноябри соли  2017, №44-2431 ва 22 ноябри соли 2017, №44-2432, қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе аз 10 августи соли 2017, №457 «Дар бораи тасдиқ намудани санади комиссияи давлатии қабули иншооти сохтмонаш анҷомёфта» ва аз 10 августи соли 2017, №458 «Дар бораи тасдиқ намудани санади комиссияи давлатии қабули иншооти сохтмонаш анҷомёфта» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 7 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»   

                                               ҚАРОР   МЕКУНАМ:                                   

 1. Истгоҳҳои насосии обтаъминкунӣ ва хатҳои муҳандисӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 173 ва 175 бо арзиши 79300 (ҳафтоду  нуҳ ҳазору сесад) сомонӣ, ки дар асоси санади комиссияи давлатии қабули иншооти сохтмонаш анҷомёфта аз 10 августи соли 2017, №457 ва кӯчаҳои Бухоро 25 ва Ҳусейнзода 10 бо арзиши 70400 (ҳафтод ҳазору чорсад) сомонӣ, ки дар асоси санади комиссияи давлатии  қабули иншооти сохтмонаш анҷомёфта аз 10 августи соли 2017, №458 мавриди истифода қарор дода шудааст, бо тартиби  муқарраргардида ба тавозуни Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» гузаронида шаванд.

 2. Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» бастани шартномаҳои тарафайнро бо истеъмолкунандагон тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монад.

 3. Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Душанбе ба маълумотҳои бақайдгирӣ ва омори давлатӣ тағйироти дахлдор ворид намоянд.

 4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми  Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.                                       

                                                                               

                                                                                   

                                                                                           Рустами Эмомалӣ