Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 January 2018

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

1.Мудири шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ;

-4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири шуъбаро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 1207,90 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

2.Мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:                       

-таҳсилоти олии касбии омӯзгорӣ, сиёсатшиносӣ, илмҳои гуманитарӣ, сотсиологӣ, равоншиносӣ ё соҳаи идоракунии давлатӣ;

-4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири шуъбаро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 1207,90 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

3.Мудири бахши банақшагирӣ ва хариди давлатии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии соҳаи иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири бахшро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 991,70 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

4.Мудири бахши технология ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии соҳаи технология ва коммуникатсия ва дигар ихтисосҳои муносиб;

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири бахшро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 991,70 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

5.Мудири бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии молиявӣ ва баҳисобгирии иқтисодӣ;

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-пешбурди муҳосибот, донистани муҳосибот, риёзиёт, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири бахшро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 991,70 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

6.Сармутахассиси Раёсати иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе – 2 ҷой:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии соҳаи иқтисод ва молия;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-пешбурди муҳосибот, донистани муҳосибот, риёзиёт, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Раёсатро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 894,40 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

7.Сармутахассиси Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе – 2 ҷой:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии соҳаи филологӣ ва ё журналистӣ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Раёсатро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 894,40 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

8.Сармутахассиси шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, илмҳои гуманитарӣ ё соҳаи идоракунии давлатӣ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 894,40 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

9.Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 894,40 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

10.Сармутахассиси бахши банақшагирӣ ва хариди давлатии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии соҳаи иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси бахшро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 894,40 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

11.Сармутахассиси бахши технология ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии соҳаи технология ва коммуникатсия ва дигар ихтисосҳои муносиб;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси бахшро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 894,40 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

12.Сармутахассиси бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии молиявӣ ва баҳисобгирии иқтисодӣ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-пешбурди муҳосибот, донистани муҳосибот, риёзиёт, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири бахшро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 894,40 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

13.Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии омӯзгорӣ, сиёсатшиносӣ, сотсиологӣ, равоншиносӣ, илмҳои гуманитарӣ ё соҳаи идоракунии давлатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 733,20 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

14.Мутахассиси пешбари шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии соҳаи нақлиёт;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 733,20 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

15.Мутахассиси пешбари шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии агрономӣ, ҷангалпарварӣ, биологӣ ва экологӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 733,20 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

16.Мутахассиси Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии соҳаи сохтмону коммуналӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси Раёсатро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 603,20 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

17. Мутахассиси Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ, филологӣ ва ё журналистӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси Раёсатро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 603,20 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

Сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

18. Сармутахассиси Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе – 2 ҷой:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии актёри драма ва кино, сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ ё ихтисосҳои гуманитарӣ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Раёсатро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 894,40 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

19.Сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, филолог ё ихтисосҳои гуманитарӣ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Раёсатро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 894,40 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

20. Сармутахассиси бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, илмҳои гуманитарӣ ё соҳаи идоракунии давлатӣ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 894,40 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

21.Мутахассиси пешбари Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе – 2 ҷой:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии актёри драма ва кино, сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ ё ихтисосҳои гуманитарӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари Раёсатро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 733,20 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

22.Мутахассиси пешбари Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, филологӣ ё ихтисосҳои гуманитарӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари Раёсатро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 733,20 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

23.Мутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии ҳуқуқшиносӣ, равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, филологӣ ё ихтисосҳои гуманитарӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси Раёсатро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 603,20 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

24.Мутахассиси шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии динӣ, ҳуқуқшиносӣ, филологӣ, шарқшиносӣ ё таърихшиносӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 603,20 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

25.Мутахассиси шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 603,20 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ)

26.Мутахассиси шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ ё илмҳои гуманитарӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 603,20 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ ва дигар талаботи тахассусии мансабҳои мазкур ба сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шинос шаванд.

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

-аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 3х4);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038УЕ);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

-маълумотнома (резюме) дар шакли электронӣ.

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-80, индекс: 734023, телефон, факс: 221-35-68, почтаи электронӣ: dushanbe80@yahoo.com, сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   www.dushanbe.tj