Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 January 2018

Дар ҷамъбасти ҳар сол ба тамоми халқи кишвари худ паём ироа намудани Роҳбари давлат, яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд мебошад.

Паём сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ низ мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади шарҳу тавзеҳи мазмуну муҳтавои паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 декабри соли 2017 ироа гардид, нақшаи чорабиниҳои алоҳидаро ба тасвиб расонида, шуруъ аз 10 январи соли ҷорӣ силсила мулоқоту вохӯриҳои намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо бо кормандону масъулони сохторҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба роҳ мондааст.

Аз аввали моҳи январи соли 2018 то бо имрӯз мулоқоту вохӯриҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, саноат, энергетика, иқтисод ва савдо, сохтмону коммуналӣ, инчунин намояндагони занону бонувон, ҷавонон, варзишгарону соҳибкорон ва имомхатибони масҷидҳои пойтахт баргузор гардиданд.

Дар вохӯриҳое, ки бо соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Душанбе баргузор шуданд, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иштирок намуда, муҳимтарин нуктаҳои паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо таҳлили муфассал ба иштирокчиён баён доштанд. Аз ҷумла, ҳимоя намудани манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир, зарурати эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва ислоҳоти молиявии кишвар, дастоварду дурнамои сиёсати иҷтимоии давлат, рушди соҳаҳои саноат ва соҳибкорӣ ва дар ин замина зиёд гардидани ҳаҷми маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, хизматчиёни ҳарбӣ пешниҳоди имтиёзҳо барои рушди соҳибкорӣ, ҳифзи амнияти ғизоӣ, истиқлолияти энергетикӣ, бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ, вусъат бахшидан ба фаъолияти дорусозӣ ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ намуд.

Дар баромадҳои хеш роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аз ҳар сокини пойтахт даъват ба амал оварданд, ки паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳуҷҷати расмӣ ва муҳим мебошад, оинаи равшани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад, барномаи мукаммали фаъолияти худ қарор дода, мазмуну моҳияти онро сармашқи кори худ қарор диҳанд. 

Дар назар аст, ки дар партави паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилавохӯриҳо бо иштироки гурӯҳҳои таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мунтазам давоми соли 2018 бо тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.