Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 January 2018

 ш.Душанбе, 22..01.2018.     Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муроҷиатномаи гурӯҳи шаҳрвандон - ҳиссагузорони бунёди манзилҳои ширкатҳои сохтмонии "Муҳаммад 2009" ва "Муҳаммад 2014", ки таҳти унвони "Мо танҳо ба Мири шаҳр умед мебандем"  тавассути нашрияи "Азия Плюс" ба чоп расидааст, шинос шуданд.

Раиси шаҳр ба масъулини сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ ҷиҳати мусоидат ва фароҳам овардани шароит ба ташкилотҳои сохтмонӣ дар ҳар чӣ зудтар ба итмом расондани корҳои бунёдии иншооти нотамоми манзилҳои истиқоматӣ, ҷоннок ва пурзӯр кардани корҳои сохтмонӣ ва ба таври бетаъхир бартараф кардани тамоми камбудиҳои мавҷуда дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.