Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 January 2018

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади оммавигардонии варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҳавасманд гардонидани аҳолӣ барои машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзиш тадбирҳои амалиро роҳандозӣ мекунад.

Аз ҷумла, шурӯъ аз 6 январи соли ҷорӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба “Рӯзи Модар” бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни бонувони   сохторҳои шаҳрии вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳо мусобиқа оид ба волейбол барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” ҷараён дорад.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ мақсади баргузории чорабинии  мазкурро шарҳ дода, дар маросими  ифтитоҳи мусобиқа иброз доштанд, ки ҳадафи он ҳарчи бештар ба ҳаёти солим ҷалб намудани занону бонувон ва оммавӣ гардонидани варзиш миёни тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад. Зеро варзиш яке аз бахшҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоӣ буда, барои беҳдошти саломатии аҳолӣ ва тарбияи насли солиму нерӯманд аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Мавриди тазаккур аст, ки дар мусобиқаи мазкур волейбоздухтарони 25 даста, аз ҷумла  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Вазоратҳои корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш ва кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентиҳои омор ва маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия (РТСУ), мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, Суди шаҳри Душанбе ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” қувваозмоӣ менамоянд.

Ғолибони мусобиқа 6 марти соли 2018 - дар арафаи Рӯзи модар муайян гардида, бо "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе" ва ҷоизаву мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.