Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 January 2018

ш.Душанбе, 26.01.2018.  Имрӯз дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли 2017 нишасти матбуотӣ доир гардид. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ба рӯзноманигорон аз натиҷаҳои  рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар соли 2017 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда маълумот доданд. 

Тавре дар ҷамъомад зикр гардид, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти роҳнамоиҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ давоми давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда роҳандозӣ намуда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ як қатор тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуд.

Бо дарназардошти омилҳои болозикр тамоюли мусбии аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии шаҳр дар ин давра таъмин карда шуд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар  соли 2017 ба ёздаҳ миллиарду се миллиону 900 ҳазор(11003,9 миллион)  сомонӣ баробар гардида, суръати  афзоиши он нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 6,2 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 18,0 фоизро ташкил дод.

Дар моҳҳои январ – декабри соли 2017 сохтори Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) аз ҳисоби  истеҳсоли молҳо 21,2 фоиз (дар соли 2016-ум 23,9 фоиз), хизматрасонӣ 75,4 фоиз (72,7 фоиз) ва андозҳо 3,4 фоиз (3,4 фоиз) ташаккул ёфтааст.

Истифодаи самараноки иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда ҷиҳати афзоиш ёфтани соҳаи саноати шаҳр дар соли 2017 заминаи мусоид фароҳам овард.  Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 467 корхонаи саноатии шакли моликияташон гуногун, бо дарназардошти субъектҳои хусусӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1596,8 миллион (як миллиарду панҷсаду наваду шаш миллиону ҳаштсад ҳазор) сомонӣ баробар гардид, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,9 фоиз зиёд мебошад.

Дар соҳаи саноати истихроҷ истеҳсоли маҳсулот ба 9,3 миллион сомонӣ ё 107,0 фоиз, саноати коркард 1223,9 миллион сомонӣ ё 106,9 фоиз ва истеҳсоли нерӯи барқ, газ, гармӣ ва обтаъминкунӣ 363,6 миллион сомонӣ ё 116,5 фоиз баробар гардидааст.

Содироти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе дар ин давра ба 2,6 миллион доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,4 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар соли 2017 дар марказҳои истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе истеҳсоли энергияи барқ ҳамагӣ 1029,0 миллион (як миллиарду бисту нуҳ миллион) кВт соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 маротиба ё 364,8 миллион кВт соат зиёд мебошад.

Истеҳсоли энергияи гармӣ дар ин давра ба 428,2 ҳазор Гкал баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,5 фоиз ё 116,7 ҳазор Гкал зиёд аст.

Баъди ба анҷом расидани корҳои таъмириву азнавсозӣ 1616 бинову иншоот соҳиби шиносномаҳои тайёрӣ шуда, бо гармӣ таъмин гардиданд, ки 105,6 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 195191 (яксаду наваду панҷ ҳазору яксаду наваду як) метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 63,6 фоизро ташкил медиҳад.

Барои муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати машғул шудан ба варзиш тибқи нақша барои сокинони пойтахт сохтмони 75 майдончаи варзишӣ ва 50 гулгашт бо ташкили ҷой барои истироҳати шаҳрвандон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар баробари ин, бо мақсади боз ҳам зебову хуррамгардонии ҳудуди минтақаҳои шаҳр дар 12 мавзеъ корҳо барои ободонию кабудизоркунӣ ва ташкили боғу гулгаштҳо ва дар 92 мавзеъ корҳо барои сохтмони майдончаҳои варзишӣ оғоз гардиданд.

Дар ин давра барои таъмиру тармим ва ба талаботҳои муосир мувофиқ гардонидани иншооти манзилӣ ва биноҳои вазорату идораҳо шиносномаҳои рангубори биноҳои маъмурӣ ва манзилӣ дар хиёбони Рӯдакӣ мувофиқа карда шуда, корҳои таъмирӣ ва сохтмонӣ дар 20 иншоот оғоз гардида, бо муваффақият идома доранд.

Тавре маълум аст, яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахти мамлакат ва суръат бахшидан ба таҷдиду азнавсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ чораҳои зарурӣ андешида, дар ин давра 6 иншооти ирригатсионӣ ва роҳҳо ба масофаи 66,4 километр (846593 метри мураббаъ) таъмир ва мумфарш гардида, ба истифода супорид.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби шахсони эҳсонкор  50,4 километр (379124 метри мураббаъ) роҳҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар соли 2017 бо ҳама намудҳои нақлиёт 8280,3(ҳашт миллиону дусаду ҳаштод ҳазору сесад) тонна бор ва 260,8 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 фоиз зиёд мебошад.

Дар шаҳри Душанбе 4 корхонаи коммуналии воҳиди давлатӣ ва 13 ҷамъиятҳои хусусии нақлиётӣ дар 93 хатсайрҳои мусофирбарӣ дар маҷмӯъ бо 3244 адад воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёт ва қонеъ намудани талаботи сокинону меҳмонони шаҳр дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра 64 адад автобуси замонавии истеҳсоли Ҷопон, аз Ҷумҳурии Туркия вориди шаҳри Душанбе гардида, мавриди истифодаи умум қарор гирифт.

Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 31 июли соли 2017, №419 «Дар бораи амалисозии лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» дар доираи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ татбиқ гардида, амалисозии низоми мазкур дар марҳилаи ниҳоии корҳои насбкунӣ ва омодакунии барномаҳои компютерӣ қарор дорад.

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17 ноябри соли 2017, №698 барои харидорӣ намудани боз 100 адад автобуси тамғаи «AKIA» аз Ҷумҳурии Туркия бо дарназардошти бастубанди он дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатии «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед» шартномаи дахлдор ба имзо расонида шуд.

Илова бар ин, мутобиқи гуфтушуниди Ширкати «AKIA»-и Ҷумҳурии Туркия ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидат ва дастгирии мақомот таъсиси заводи истеҳсоли автобусҳои тамғаи «AKIA» ба нақша гирифта шудааст.

Дар соли 2017 сатҳи таваррум (нисбат ба моҳи декабри соли 2016) 8,6 фоизро ташкил дод. Бояд қайд кард, ки дар соли 2016 нишондиҳандаи мазкур 6,8 фоизро ташкил дода буд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ гардиши савдои хориҷӣ дар давраи ҳисоботӣ 352,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,6 фоиз зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ содирот 10,6 миллион доллари ИМА ва воридот 342,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2016  мутаносибан 19,7 фоиз кам ва 14,1 фоиз зиёд мебошад.

Қисми даромади буҷети шаҳри Душанбе аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 109,4 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 1544,5 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки ин аз нақшаи пешбинигардида 133,2 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 262,0 миллион сомонӣ зиёд аст. 

Дар соли 2017 дар шаҳри Душанбе шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор ба 42 ҳазор адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 фоиз ё 1319 адад зиёд мебошад. 

Шумораи шахсони ҳуқуқӣ дар ин давра 9367 нафар (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 фоиз зиёд) ва шумораи соҳибкорони инфиродӣ бошад 32419 нафар (4,2 фоиз зиёд), аз ҷумла бо патент 22911 нафар ва бо шаҳодатнома 9508 нафарро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати беҳдошти вазъи бо об таъмин намудани шаҳри Душанбе, баланд бардоштани сифати оби нӯшокӣ ва безараргардонӣ дар доираи барнома ва нақшаи чорабиниҳои техникии тасдиқгардида як қатор чорабиниҳо амалӣ карда шуд.

Аз ҷониби КВД «Обу корези Душанбе» ба истеъмолкунандагон ба маблағи 61,5 миллион сомонӣ оби нӯшокӣ интиқол дода шуда, ҷамъоварии маблағи он 62,2 миллион сомонӣ ё 101,0 фоизро ташкил намудааст.

Инчунин, қайд намудан зарур аст, ки дар доираи Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе сохтмони филтрҳои зудамали регӣ дар пойгоҳи обтаъминкунии “Худҷорӣ”ба итмом расида, сохтмони навбати дуюми обполакҳо бо иқтидори истеҳсолии 150,0 ҳазор метри мукааб оби тоза дар як шабонарӯз дар соли 2018 ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин давра бо мақсади татбиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 феврали  2017, №52 «Дар бораи эълон намудани 150 рӯзи ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ, таҳти унвони «Хуррамгардонии Душанбешаҳр - рисолати сокинони пойтахт!» дар ҳудуди ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба миқдори 65541 бех дарахту буттаҳо шинонида шуда, дар майдони 524430 метри мураббаъ майсазор ва дар масоҳати 217450 метри мураббаъ гулзор ташкил карда шуд.

Давоми давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда дар корхонаю муассисаҳои шаҳр новобаста аз шакли моликият 21107 ҷойи корӣ таъсис ва барқарор карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ тавассути марказҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ 7031 нафар, аз ҷумла 3815 нафар занон бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин гардиданд, ки ин нишондод 184,3 фоизи барномаро ташкил медиҳад.

Бо мақсади паст намудани сатҳи бекорӣ ва мусоидат ба корҷӯён дар интихоби кори мувофиқ ва ба корфармоён дар дарёфти корманди лозима дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе тибқи нақшаи тасдиқгардида 24 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд, ки дар онҳо 13840 нафар корҷӯён иштирок  намуданд ва ба онҳо аз тарафи 142 корхонаҳои шаҳри Душанбе зиёда аз 3577 ҷойи кории холӣ пешниҳод  гардид. Тавассути ин ярмаркаҳо 694 нафар корҷӯён (317 - зан)  бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.

Дар ин давра аз буҷети ҷумҳуриявӣ дар маҷмӯъ ба оилаҳои ниёзманди ноҳияҳои шаҳри Душанбе 2,1 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба 8243 оилаҳои ниёзманд 1,5 миллион сомонӣ, ба 199 нафар нафақахӯрон ба маблағи 398,0 ҳазор сомонӣ ва ба 156 нафар кӯдакони гирифтори бемории масунияти одам ба маблағи 223,4 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, тавассути оҷонсиҳои ҳифзи иҷтимоӣ дар ноҳияҳо фаъолияткунанда дастрас карда шудааст.

Дар баробари ин, ба шахсони имтиёзнок ва шахсони имконияташон маҳдуд 69 адад аробачаи маъюбӣ, 68 адад асо, 7 адад асобағал, 248 адад роҳхатҳои осоишгоҳҳои табобатии истироҳатии ҷумҳурӣ ва 33 адад талони рафту омад дар дохили ҷумҳурӣ тавассути роҳҳои ҳавоӣ ва оҳан (поезд) ҷудо гардида, ройгон дастрас карда шуд.

Роҳбарияти олии сиёсии кишвар соҳаи илму маорифро асоси пешрафти ҷомеа номида, онро дар меҳвари сиёсати давлат қарор додааст.

Айни замон дар шаҳри Душанбе 127 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият доранд, ки аз ин теъдод 91 муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 22 муассисаи томактабии хусусӣ, 14 муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар давоми соли 2017 шумораи умумии тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ 27450 нафарро ташкил дод, ки ин нишондод дар муқоиса бо соли гузашта 173 нафар зиёд мебошад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе 1421 нафар мураббиён фаъолият доранд, ки ин нишондод дар муқоиса бо соли гузашта 20 нафар зиёд аст.

Дар шаҳри Душанбе 144 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 7 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 10 муассисаи умумии асосӣ, 123 муассисаи миёнаи умумӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти ғоибона фаъолият менамоянд. Аз ин теъдод 111 муассисаҳои таълимии буҷетии шаҳри Душанбе, 31 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ, 2 муассисаи таълимии байналмилалӣ мебошанд, ки бо фарогирии 190621 нафар хонанда фаъолият дорад. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5270 нафар зиёд мебошад.

Соли сипаришуда дар 6 муассисаи интернатии шаҳри Душанбе 1117 нафар хонандагон, аз ҷумла 38 нафар ятими кулл, 61 нафар бемодар, 285 нафар бепадар, 712 нафар аз оилаи камбизоат ва 21 нафар аз оилаи бепарастор  ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.

Аз 6781 нафар хатмкунандагони соли таҳсили 2016-2017 тавассути Маркази миллии тестӣ 3904 нафар (57,5 фоиз) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2877 нафар (42,4 фоиз) ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дохил шуданд.

Имрӯзҳо 771 нафар хатмкунандагони шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар таҳсил намуда истодаанд.

Дар соли 2017 аз ҳисоби маблаҳои буҷети шаҳр 4 муассисаи томактабӣ ва таълимӣ бо 2 ҳазору 30 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд, ки нисбати соли гузашта 880 ҷойи нишаст зиёд мебошад.

Қобили тазаккур аст, аз ҳисоби буҷети шаҳр, вазорату идораҳо ва соҳибкорон дар 28 иншооти муассисаҳои таълимӣ барои 16 ҳазору 944 ҷойи нишаст корҳо оғоз шуда, бо маром идома доранд.

Инчунин, дар сохтори соҳаи тандурустии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 3234 нафар табибон фаъолият доранд, ки аз онҳо 556 нафарашон дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” кору фаъолият мекунанд. Инчунин аз 5029 нафар кормандони миёнаи тиб 918 нафар кормандони   Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” мебошанд. 

Дар давраи ҳисоботӣ 1343 нафар, аз ҷумла 548 нафар табибон ва 795 нафар кормандони миёнаи тиб бо кор таъмин карда шуданд. 

Ҳоло дар шаҳри Душанбе дар 10 амбулатория 91 шуъба бо 580 нафар (соли 2016-ум 596 нафар) табибони оилавӣ ва 1101 нафар (871 нафар) ҳамшираҳои тибби оилавӣ фаъолият дошта, ба аҳолии пойтахт пурра хизмати тибби оилавӣ мерасонанд.

Мақомот фаъолияти худро дар самти рушди маънавиёт, ташаккули ватандӯстиву хештаншиносии сокинони шаҳр, дастгирии фаъолияти эҷодии шаҳрвандон, тарбияи ахлоқии ҷомеа мутобиқ ба арзишҳои фарҳангии миллию умумибашарӣ ба таври хамешагӣ равона намуда, баҳри иҷрои барномаву нақшаҳои марбутаи соҳа чораҳои мушаххас меандешад.

Дар робита ба дастгириву таваҷҷӯҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳадафҳои “Соли ҷавонон” эълон гардидани соли 2017 ва дар ин замина амалӣ намудани татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон як қатор татбирҳо амалӣ гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 838 чорабинӣ бо фарогирии 276651 нафар аз ҷумла, баҳри рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 486 чорабинӣ бо фарогирии 385852 нафар баргузор карда шуд.

Дар доираи татбиқи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе дар ин давра бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои миллӣ ба монанди Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи модар, Иди байналмилалии Наврӯз, Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе, Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлолиятидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи касбии табибон, Рӯзи байналмилалии пиронсолон, Рӯзи касбии омӯзгор, Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президент - 16 ноябр ва Рӯзи Парчами давлатӣ чораҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шуда, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани идҳои милливу касбӣ ва дар ҳошияи онҳо баланд бардоштани ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тадбирҳои дахлдор амалӣ гардонида шуданд.

Соли 2017 дар қаламрави пойтахт маҷмӯан 9244 ҷашну маросимҳо (Сино -3053, Фирдавсӣ -2786, Шоҳмансур – 1680 ва И.Сомонӣ -1725) бо хароҷоти умумии 31,9 миллион сомонӣ ба қайд гирифта шуд.

Таҳлили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҳолати ҷинояткорӣ дар соли 2017 нишон медиҳад, ки шумораи умумии ҷиноятҳои бақайдгирифташуда, дар ҳудуди шаҳр ба 4655 адад баробар гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 81 ҷиноят ё 1,7 фоиз кам мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе раванди иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳое, ки бевосита ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр нигаронида шудаанд, таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати татбиқи онҳо дар соли 2018 низ чораҳои зарурӣ меандешад.