Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 January 2018

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 баён гардидаанд.

Бо мақсади таъмини иҷрои босифат, саривақтӣ ва самараноки вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баён гардидаанд, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”

                                                                 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  баён гардидаанд, тибқи замима тасдиқ карда шавад.

2. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои босифат ва самараноку саривақтии нақшаи чорабиниҳоро тибқи тартиби муқаррагардида таъмин намоянд.

3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н. гузошта шавад.

 

                                                                     Рустами Эмомалӣ