Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 Февраль 2018

Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе                             


Бо мақсади шарҳу тавзеҳи моҳияти паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин одоби шаҳрнишинӣ ва пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ, терроризму ифротгароӣ миёни сокинони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” 

                                                     ҚАРОР  МЕКУНАМ: 
1. Ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе тибқи замимаи 1 таъсис дода шавад.
2. Нақшаи мулоқоту вохӯриҳои намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шаҳраку маҳаллаҳо ва кооперативони моликони манзил оид ба тарғиби муҳтавои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин одоби шаҳрнишинӣ ва пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ, терроризму ифротгароӣ миёни сокинони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт, тибқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад. 
3. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудани вохӯриҳои ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ тибқи тартиби муқарраргардида мусоидат намуда, аз рафти баргузории чорабиниҳо суратҷаласа тартиб дода, аз натиҷа ахбороти дахлдор пешниҳод намоянд.
4. Гурӯҳи таблиғотӣ ҷиҳати сифатнок баргузор намудани вохӯриҳои банақшагирифташуда омодагӣ дида, мавриди баргузории онҳо фаъолона иштирок намоянд.
5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи  Раиси  шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро таъмин намоянд.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.


                                                   Рустами Эмомалӣ