Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 Февраль 2018

Оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016, №317 «Дар бораи Нақшаи стратегии рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016, №317 «Дар бораи Нақшаи стратегии рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар шаҳри Душанбе ва дар ин замина таъмин намудани саломатии аҳолӣ тавассути беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                     ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1. Нақшаи стратегии рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 дар шаҳри Душанбе тибқи замима тасдиқ карда шавад.

2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои Нақшаи стратегии рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020 тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3. Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе оид ба рафти иҷрои қарори мазкур ҳар нимсола ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал таҳия ва пешниҳод намояд.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкурро тариқи васоити ахбори омма таъмин намоянд.

5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилона халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

    

 

                                                           Рустами  Эмомалӣ