Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 Февраль 2018

Дар бораи ҷамъбасти натиҷаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 июни соли 2017, №363 «Дар бораи таъсис додани стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе» ва баҳри дастгирии наврасону ҷавонони фаъолу лаёқатманд, мутобиқи моддаҳои 11 ва 191 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

           

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1.  Рӯйхати барандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе барои соли таҳсили 2017 – 2018 тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.

2.  Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои пардохти стипендияи мазкур дар соли таҳсили 2017 – 2018 маблағи 382 500 (сесаду ҳаштоду ду ҳазору панҷсад) сомонӣ тибқи замимаи 2 барои сарфароз гардонидани барандагони стипендияи мазкур, ҷудо намояд.

3.  Муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағи ҷудогардидаро мувофиқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.

4.  Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

5.  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

6.  Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

 

Рустами Эмомалӣ