Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 Февраль 2018

ш.Душанбе, 04.02.2018. Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе 36 адад истгоҳҳои наву замонавии нақлиёти ҷамъиятӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

Иншооти мазкур ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани симои пойтахти мамлакат ва фароҳам овардани шароити зисту зиндагонии шоистаи шаҳрвандон, ҳамчунин пешниҳод намудани хизматрасониҳои босифат барои сокинону меҳмонони шаҳр бунёд гардидаанд.

Натиҷаи тадбирҳои созандаи Роҳбарияти шаҳри Душанбе аст, ки бо гузашти ҳар рӯз дар пойтахти мамлакат иншооти наву муосир мавриди истифодабарӣ қарор дода мешаванд.

Сохтмони иншооти мазкур дар доираи ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳр ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани сатҳи хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт ба роҳ монда шудааст.

Истгоҳҳои нав дар асоси лоиҳаи ҶДММ «ҶиЭм-Партнёр» дар мувофиқа бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе бунёд гардида, рӯйнамои намунаи аввали он моҳи августи соли 2017 бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифта буд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи ангоравии истгоҳ Раиси шаҳр ба масъулин дастур дода буданд, ки зимни бунёди чунин иншоот ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва истифодаи масолеҳи хушсифати маҳаллӣ диққати махсус дода шавад, то ки иншооти мазкур солҳои зиёд ба мардум хизмат намуда, дар як муддати кӯтоҳ таъмирталаб нагарданд.

Истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар мутобиқат ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ сохта шуда, тибқи лоиҳа он аз ҷойи нишаст, таблоҳои электронӣ барои пешниҳод намудани маълумот ба мусофирон оид ба вақт ва рақами хатсайрҳо ва таблоҳои таблиғотӣ иборат мебошанд.

Ҳамчунин тибқи лоиҳа дар истгоҳ нуқтаи хизматрасонии телефони шаҳрӣ насб гардидааст. Истгоҳҳои наву замонавӣ дар кӯчаҳои асосии шаҳр аз назди Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе то қисмати шимолии пойтахт - майдони Сарҳадчиён бунёд шудаанд.

Бо дар назардошти ҷойгиршавӣ ва шумораи мусофирони нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ дар 18 истгоҳ дӯконҳои фурӯши рӯзномаю маҷалла ва дигар лавозимоти зарурӣ ба мизоҷон хизмат мерасонанд.

Маблағи умумии сохтмони иншооти мазкур беш аз 9 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои масъулини сохтмон зимни бунёди истгоҳ ва иншооти хизматрасонии он аз масолеҳи тобовар ба ҳолатҳои гуногуни табиӣ истифода шудааст. Ҳудуд ва атрофи истгоҳ бошад, тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад, ки ба таъмини хизматрасонии босифат мусоидат хоҳад кард.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи октябри соли сипаришуда аз ҷониби КВД «Ободонии шаҳри Душанбе» ва ҶДММ «Фарзин» оғоз гардида, давоми 4 моҳ пурра ба анҷом расонида шуданд.

Бояд гуфт, ки истгоҳҳои наву муосир дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири хизматрасонӣ ва шаҳрсозӣ сохта шуда, баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ мусоидат менамояд.