«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 Февраль 2018

ш.Душанбе, 01.02.2018. Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри ш.Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки шаҳри Душанбе доир гардид, ки он фаъолияти комиссияро дар соли 2017 ҷамъбаст ва вазифаҳоро барои давраи минбаъда муайян кард.

Ҷаласа таҳти раёсати Раиси комиссия, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ бо иштироки аъзои комиссия сурат гирифт.

Тавре дар ҳамоиш зикр гардид, Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки  шаҳри Душанбе тайи соли сипаригардида масъалаҳои марбут ба ҷойгир намудани кӯдакон ба мактаб-интернатҳо, хонаи кӯдакон, фарзандхондӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон ва дигар мушкилоти ҷойдоштаро матраҳ  ва ҳаллу фасл кардааст.

Дар ин давра ба унвони Комиссия 605 ариза ва 221 мактуб ворид гардида, аз ин шумора 495 муроҷиатро мавзӯъоти марбут ба ҷойгир намудани кӯдакон ба мактаб-интернатҳо ва хонаи кӯдакон ташкил медиҳад.

Бо ибтикори Комиссия Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Муассисаи давлатии фарҳангиву фароғатии “Аҳорун” бо иштироки беш аз 1400 нафар кӯдакону наврасон, аз ҷумла тарбиятгирандагони мактаб - интернатҳо, хонаи кӯдакони синни томактабӣ, тарбиятгирандагони боғчакӯдакистонҳо, ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ таҷлил гардид.

Ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ кӯдакони ятиму бепарастор,аз оилаҳои ниёзманд, ғолибони олимпиадаҳои фаннии шаҳрӣҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дар маҷмӯъ 1840 нафар намоишномаи солинавии кӯдакона таҳти унвони “Шаҳри афсонаҳо” ташкил гардида, иштирокчиёни он бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд.

Бо мақсади пешгирӣ намудани ноболиғон аз ҳуқуқвайронкуниву    ҷинояткорӣ дар муассисаҳои таълимии пойтахт 122 вохӯриву                мулоқотҳо созмон дода шуд. Инчунин дар ҳамкорӣ бо масъулини      хадамоти пешгирии Вазорати корҳои дохилии чор ноҳияи шаҳри   Душанбе 1344 амалиётҳои муштарак гузаронида шуда, дар натиҷа      5556 нафар ноболиғоне, ки ба оворагардӣ, мошиншӯӣ, талбандагӣ, савдои кӯчагӣ ва ғайра машғул буданд, ошкор гардиданд.

Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак, беҳдошти вазъи зиндагӣ, таълим ва тарбияи ноболиғони шаҳр ва ноҳияҳои он минбаъд низ таҳти назорати доимӣ қарор гирифта, ҷиҳати иҷрои босамари ваколату салоҳияти худ Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки шаҳри Душанбе тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Иштирокчиёни ҷамъомад фаъолияти кори Комиссияро дар соли 2017 ҳаматарафа баррасӣ намуда, онро қаноатбахш арзёбӣ карданд.

Дар ҷаласа нақшаи фаъолияти Комиссия барои соли 2018  баррасӣ ва тасдиқ гардид.