Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 Февраль 2018

Дар бораи ташкили ярмаркаҳои доимамалкунандаи зимистона оид ба фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар давраи зимистон дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, мутобиқ и моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»

                                 

 Қ АРОР   МЕКУНАМ:

 

1. Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ярмаркаҳои доимамалкунандаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияро дар ҷойҳои зерин ташкил намояд:

- даромадгоҳи асосии КВД «Бозори Деҳқон»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе;

- даромадгоҳи асосии КВД «Бозори Саховат»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе;

- майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе»;

- майдончаи назди бозори «Ховарон».

2. Раисони ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино - и шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои банди 1 қарори мазкур мусоидат намуда, барои фароҳам овардани шароити фурӯш дар ҷойҳои муайяншуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, назорати давлатии байторӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаҳои зидди сӯхтор, сифати маҳсулоти воридшуда, риояи талаботи санитарию гигиениро дар доираи салоҳияти худ таъмин намоянд.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси ҳамаҷонибаи иҷрои қарори мазкурро ба роҳ монанд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

 

Рустами  Эмомалӣ