Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 Февраль 2018

ш.Душанбе, 08.02.2018.  Имрӯз дар толори Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ҷавонон"-и шаҳри Душанбе вохӯрии масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо фаъолон ва сокинони касбу кори гуногуни шаҳри Душанбе доир гардид.

Ҳадафи мулоқоти мазкур таблиғи тарзи ҳаёти солим миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонон, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва беҳдошти вазъи сиҳатии омма мебошад.

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, пайваста дар маркази таваҷҷуҳи давлату ҳукумати кишвар қарор дорад ва баҳри беҳдошти сиҳатии омма ва пешгирии бемориҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар барномаҳои зиёди давлатӣ қабул ва  роҳандозӣ гардида истодаанд.

Тавре зикр гардид, ҷиҳати пешгирии касалиҳои сироятӣ барномаҳои миллии муқовимат барои солҳои 2005–2010,  баъдан барои солҳои  2011-2015 ва ахиран барномаи навбатӣ барои солҳои 2017–2020 қабул гардидаанд, ки ин далел аз ғамхории доимии давлату ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Асосгузори сулҳу Ваҳдат миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сокинони кишвар дар роҳи пешгирӣ ва табобати ин гуна маризиҳо мебошад.

 

Умуман, имрӯзҳо на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки саросари кишвар дар самти табобат ва муолиҷаи беморон тамоми шароитҳои лозима фароҳам оварда шудааст.

 

Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вируси норасоии масунияти одам дар байни аҳолии шаҳри Душанбе, бахусус ҷавонони синну соли никоҳӣ ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи махсус ва миёнаи умумӣ аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, дар асоси нақшаи чорабиниҳои алоҳида дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ силсила чорабиниҳои мухталифи оммавӣ варзишӣ, профилактикӣ, илмӣ-назариявӣ доир менамоянд.

 

Дар соли 2017 бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои пойтахт сохта ба истифода дода шудани беш аз 70 майдончаҳои варзишӣ аз ғамхории Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нисбати солимии ҷомеа шаҳодат медиҳад.

 

Бо мақсади беҳдошти саломатии наврасону ҷавонон, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз ҳар гуна омилҳои номатлуб соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе боз 92 майдончаи дигари варзишӣ сохта ба истифода дода мешавад.