Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 Февраль 2018

 ш.Душанбе, 09.02.2018.  Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Дафтари мушовир оид ба масъалаҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи амалии лоиҳаи Созишномаи "Мукаммалгардонии сатҳи техникии корхонаҳо ва муассисаҳои давлатии шаҳри Душанбе" доир гардид.

Санадро аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ва аз ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой мушовир оид ба масъалаҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сун  Ян ба имзо расонданд.

Кобили зикр аст, ки гурӯҳи мутахассисони Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳайати 6 нафар  дар давраи аз 27 январ то 11 феврали соли 2018 ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои техникии Созишномаи "Мукаммалгардонии сатҳи техникии корхонаҳо ва муассисаҳои давлатии шаҳри Душанбе" дар Тоҷикистон меҳмон буданд.

Мутахассисони Хитой масъалаҳои вобаста ба таҳияи номгӯй ва миқдори воситаҳои  техникӣ, соҳаҳои истифодабарии онҳо, омӯзиши мутахассисони маҳаллӣ, роҳҳо, муҳлат ва тартиби таҳвили таҷҳизот аз Чин ба Тоҷикистон ва дигар мавзӯъоти марбут ба татбиқи Созишномаи мазкурро мавриди омӯзиш қарор доданд.

Ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой тасмим гирифтааст, ки дар чаҳорчӯбаи Созишномаи "Мукаммалгардонии сатҳи техникии корхонаҳо ва муассисаҳои давлатии шаҳри Душанбе" ба корхонаву муассисаҳои коммуналии шаҳри Душанбе  461 адад воситаҳои техникиро ба таври ройгон  кумак намояд.

Дар назар аст, ки қисмати аввали воситаҳои техникӣ то моҳи сентябри соли 2018 ба шаҳри Душанбе таҳвил дода мешавад