Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 Февраль 2018

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, инчунин дар ин замина баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии сокинони пойтахт, мутобиқи моддаҳои 19, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

                                                        ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи замима тасдиқ карда шавад.

2. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М., муовинони Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Назирмадзода Б., Саидзода Қ.Т., Ҷумазода Ф.Т., Раҳимзода Т.К., роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Қ.Т., раисони ноҳияҳои шаҳр(Табарзода Ҷ.А., Ҳакимзода Ҳ.Н., Самӣ Ш.Ҳ., Салимзода Н.Ф.) ва роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳриДушанбе иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд.

3. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои тандурустӣ ва Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии "Ёрии таъҷилӣ" ва бехатарии зиддисӯхтор чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри  Душанбе, муассисаҳои давлатии "Телевизиони Душанбе" ва рӯзномаи "Паёми Душанбе" инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро дар васоити ахбори омма таъмин намоянд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

Рустами Эмомалӣ