Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 February 2018

 ш.Душанбе, 17.02.2017. 29 январи соли 2018 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар қалби шаҳрвандони мамлакат ҷой додани ғояҳои Истиқлолият ва Озодӣ  ва ба муносибати  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни кушод барои офаридани беҳтарин лоиҳаи Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе эълон гардидааст.

Шартҳои ин озмун аз чӣ иборатанд? Он дар кадом муҳлат ва чӣ тавр доир карда мешавад?  Дар озмун киҳо  ва бо чӣ гуна асарҳо  иштирок карда метавонанд?
Барои ба ин суолҳо посух пайдо кардан хоҳишмандон метавонанд бо Тартиби гузаронидан ва Ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявии озмун, ки 8-уми феврали ҳамин сол аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қоҳир Расулзода тасдиқ гардидаанд, шинос шаванд.
ТАРТИБИ
гузаронидани озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
1. Муқарраротиумумӣ
1.Тартиби мазкур шартҳои гузаронидани озмунро барои муайян намудани беҳтарин лоиҳаи ангоравии маҷмаа имеъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
2. Озмун дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 19 декабри соли 2017, №968 «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти беҳтарин лоиҳаи ангоравии маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолиятва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
3.Дар озмун  шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ метавонанд  иштирок намоянд. Шакли озмун кушода ва озод буда, дар як давр гузаронида мешавад.
4. Баргузории озмунро Комиссияи ҷумҳуриявии озмун (минбаъд — Комиссия) ташкил ва назора тменамояд.
2. Ҳадаф ва мақсади озмун
5. Ҳадафи озмун амалӣ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ буда, бо ин мақсад бунёди маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе дар назар аст.
Аз ин рў, барои дарёфти беҳтарин лоиҳа, ки муаррифгари таъриху фарҳанг, худшиносии миллӣ, арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ ва рушди минбаъдаи устувори иқтисодӣ буда, ҷиҳати зебо ва ҷолиб намудани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе мусоидат менамояд, озмун эълон карда мешавад.
Дар лоиҳаи ангоравӣ бояд мазмуну муҳтаво ва моҳияти рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» ифода ёбад. Тамоми маҷмаа бояд бо ҳамин ду мафҳум алоқаманд бошад ва онҳоро ифода ва такмил диҳад.
3. Ваколатҳо, вазифаҳо ва тартиби фаъолияти Комиссия
6. Ҳайати Комиссия дар доираи Тартиби мазкур фаъолият намуда, вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
— ташкил ва ҷамъбасти озмун;
— аз байни лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи иштирокчиёни озмун интихоби беҳтарин лоиҳаҳои таҳияшуда ва муайян намудани сатҳи он;
— ҳангоми зарурат барои интихоби беҳтарин лоиҳаҳо ҷалб намудани коршиносони соҳа;
— мукофотонидани ғолибон;
— баррасии ҳолатҳои баҳсӣ ва муроҷиатҳои иштирокчиёни озмун.
7. Комиссия дар доираи ваколатҳои худ дар асоси нишондиҳандаҳои Тартиби мазкур бо роҳи омўзиши ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва гузаронидани ҷаласаҳо фаъолият менамояд.
8. Ҷаласаҳои Комиссия дар сурати иштироки на камтар аз 2/3 ҳиссаи аъзои он салоҳиятдор ҳисобида мешаванд. Қарорҳои Комиссия бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ бо овозҳои аксарияти иштирокчиёни он (беш аз 50 фоиз) қабул мегардад. Дар ҳолати баробар будани овозҳо овози Раиси Комиссия ҳалкунанда мебошад. Протоколи ҷаласаи ҷамъбастии Комиссия аз тарафи Раис ва котиби он ба имзо расонида мешавад.
9. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани озмун Комиссия дар доираи ваколатҳои вогузоршуда метавонад ҳангоми зарурат гурўҳи кории аз ҳисоби коршиносони варзидаи соҳа, вазорату идораҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккулёфтаро ба кори Комиссия ҷалб намояд.
4. Ваколатҳои Раиси Комиссия
10. Раиси Комиссия дорои ваколатҳои зерин мебошад:
— ба кори Комиссия роҳбарӣ намуда, вазифаҳоро байни муовини Раиси Комиссия ва аъзоёни Комиссия муайян ва тақсим менамояд;
— рўзҳои баргузории ҷаласаҳои Комиссияро таъин мекунад;
— аз рўи зарурат аз ҳисоби коршиносони варзида гурўҳи корӣ таъсис медиҳад;
— оид ба ҷараёни баргузории озмун, баррасӣ ва ҳалли мушкилоти бамиёномада бо тартиби муқарраргардида тадбирҳо меандешад.
— тавсияҳоро оид ба баргузории озмун қабул ва тасдиқ менамояд;
— ҳуҷҷатҳои  расмии Комиссияро (протоколҳо, санадҳо, қарорҳоро) тасдиқ менамояд;
— оид ба ҷараён ва натиҷаҳои баргузории озмун ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот  пешниҳодменамояд.
5. Шарт ва талаботи озмун
11. Озмун дар асоси принсипҳои баробарии ҳуқуқ ва эҷоди озодона, нигоҳ доштани урфу одат, тарғиб ва ташвиқи арзишҳои миллӣ ва рушди санъати меъморӣ баргузор мегардад.
12. Озмун бо истифодаи нишондиҳандаҳое, ки Тартиби мазкур пешбинӣ намудааст, бо дар назар доштани таҳлили натиҷаҳо ва омўзиши лоиҳаҳои пешниҳодшуда ва мувофиқат ба меъёрҳои муқарраргардида сурат мегирад.
13. Дар ҷараёни баргузорӣ ва ҷамъбасти озмун истифодаи усулҳои муосири санъати баланди меъморӣ аввалиндараҷа арзёбӣ гардида, фикру андешаҳои гурўҳи корӣ, ки аз ҳисоби коршиносони варзидаи соҳа, вазорату идораҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳангоми зарурат ҷалб карда мешаванд, ба инобат гирифта мешаванд.
14. Лоиҳа бояд фарогири арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва таҷассумгари нишонаҳои давлатдорӣ бошанд, ҳамчун маҷмааи нодиру таъсирбахш мавриди коркарди бисёр дақиқ бо диду назари хосу фарқкунандаи зебоишиносии фарҳанги таърихию муосири тоҷик ва санъати баланди хоси шаҳрсозию меъморӣ таҳия карда шавад.
15. Ободонии майдон ва атрофи он бо истифодаи гулу буттаҳо ва дарахтони ороишии ҳамешасабзи нодир тарҳрезӣ карда шуда, майдон ва роҳравҳои он бо услуби хос аз сангҳои табиии маҳаллӣ кошинкорӣ карда шаванд.
16. Дар ин замина рукнҳои давлатдории миллӣ, ташаккули тафаккури таърихии халқ аз даврони бостон то замони Сомониён ва аз замони Сомониён то расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ва озодии комил бояд ба инобат гирифта шавад. Махсусан тавассути ҳофизаи таърихӣ ифода намудани баъзе рўйдодҳое, ки унсури такмилдиҳии худшиносии халқ гардидаанд, бояд ба инобат гирифта шавад.
17. Дар тасвирҳои ороишӣ, девору рамзҳои интихобшаванда, инчунин худи муҷассама ва силсилаҳое, ки онро иҳота менамоянд, рўҳи шикастнопазирии халқи тоҷик, тавоноиву бузургии он, симои ҷовидона ва корнамоиҳои фарзандони далери он бо ғуруру ҷавонмардие, ки доранд, ифода бояд шавад. Инчунин фарҳангсолорӣ, таърихнигорӣ, қадимияти халқи тоҷик, рамзҳои миллӣ, мардумсолорӣ, инсондўстӣ ва ҳимматбаландии ин миллати фарҳангдўст тасвир карда шавад.
18. Истифодаи баъзе ишораҳои таърихи бостон, сарчашмаҳои таърихи ёдгориҳои бостонӣ ва нигораҳое, ки дар он шуҷоату матонати халқи тоҷик ифода шудаанд, ба инобат гирифта шавад.
19. Дар лоиҳа барои боз ҳам муҳташаму зеботар шудани фазои ландшафти меъморӣ бо истифода аз суннатҳои шаҳрсозӣ бояд аз унсурҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои тамаддунофари бостонии тоҷикон эҷодкорона  баҳрабардорӣ шаванд.
20. Дар як самти майдон деворанигораи муҳташами бо санъати хеле баланд аз сангҳои табиии Тоҷикистон бо номи «Нигористон» бо саҳнаи ба андозаи майдон мутаносиб пешбинӣ гардад, ки он чун саҳна минбари баргузории тантанаҳои расмии давлатӣ (ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, Наврўз, Ваҳдати миллӣ ва ғайра) мавриди истифода қарор дода мешавад. Девори «Нигористон» аз сангҳои дурру лоҷувард, фирўза, лаъл ва дигар сангҳои ороишии Суғду Бохтар ва Бадахшон ороиш ёфта, дар марказ нақшҳои барҷастаи мурғи ҳумо бо фарри ориёӣ, ҳафт гунбад (ситора), ки ин яке аз шоҳкориҳои меъморию санъати меъмории ниёгони мо буда, инчунин дар он дигар рамзҳои давлатдорӣ акс ёфтаанд, тасвир карда шавад.
21. Эъмору барқарор намудани девори «Нигористон» бо рамзҳои таърихии давлатдорӣ, озодихоҳӣ ва дастёб шудан ба Истиқлолияти миллӣ дар марҳилаи нави таърихист ва масъулият, хотираи таърихии мардум ва ҷомеаро нисбат ба таърих, арзишҳои фарҳангии дирўзу имрўз дучанд хоҳанд афзуд.
22. Бо мақсади интихоб намудани ғолиби озмуни лоиҳаи беҳтарин талаботи зерин ба инобат гирифта мешаванд:
— шакл, симо ва ҳалли меъмории беҳтарин;
— дар лоиҳа пешниҳод намудани ободонии ҳудуд (майдон), қисмати техникию хизматрасонии муҳандисӣ ва нишондодҳои техникию иқтисодии маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ».
6. Ҷойгиршавӣ
23. Ҷойгиронии майдони нав бо рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар қисмати марказии шаҳри Душанбе, дар қитъаи замини масоҳаташ 8,5 гектар, воқеъ дар буриши дарёи Душанбе бо дарёчаи Лучоб, дар қисмати ҷанубии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, кўчаи Низоми Ганҷавӣ банақшагирӣ карда шавад (нақшаи ҷойгиршавӣ замима мегардад).
7. Номгўи ҳуҷҷатҳои лозима барои пешниҳод
Ҳуҷҷатҳои зерин барои озмун пешниҳод карда мешаванд:
— мактуби ёддошт на зиёда аз 4 саҳифа (дар 2 нусха) бо зикри масоили асосии меъморӣ, сохтмонӣ ва техникии иншоот;
— нақшаи генералӣ дар миқёси 1:1000;
— лоиҳаҳо дар шакли А0 (800 см х 1200см);
— нақшаҳои намо дар миқёси 1:100, 1:200;
— нақшаҳои ошёнаҳо ва бурришҳо дар миқёси 1:100, 1:200;
— таҳияи маводи графикӣ, 3D (навор) ва мактуби ёддоштӣ дар сатҳи озод;
— шиор дар болои кунҷи чапи лоиҳа ва мактуб бо калима навишта мешавад (баландии навиштаҷот -10 мм);
— дар мактуби даруни лифофа маълумоти зарурӣ доир ба муаллифон — ном, насаб, номи падар ё номи корхона (ташкилот), суроға ва рақами телефон нишон дода мешавад.
25. Дар лоиҳаи аз ҷониби як гурўҳ таҳияшуда иловатан бо шиор дар варақи алоҳида имзои муаллифон гузошта мешавад;
— дар мавриди таҳияи ҳуҷҷатҳои озмун аз графикаи компютерӣ ва амсила (макет) истифода намудан мумкин аст.
26. Лоиҳаҳое, ки ба озмун бо вайрон кардани шартҳои мазкур ва пас аз муҳлати пешбинигардида пешниҳод мегарданд, баррасӣ карда намешаванд.
8. Муҳлати пешниҳоди лоиҳа
27. Ҳуҷҷатҳои довталабон барои иштирок дар озмун аз санаи 1 феврал то 30 апрели соли 2018 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қайди «Барои озмун» ба суроғаи ҶумҳурииТоҷикистон, шаҳри Душанбе, кўчаиҲусейнзода-36 пешниҳод карда мешаванд.
28. Ҳуҷҷатҳои озмунии пешниҳодшуда дар китоби алоҳида бо санаи дохил шуданашон ба қайд гирифта мешаванд.
9. Мукофот барои ғолибони озмун
29. Мукофот барои ғолибони озмун ба шакл изерин муайян карда мешавад:
— барои ҷойи якум: мукофот ба маблағи 15000 сомонӣ;
— барои  ҷойидуюм:  мукофот ба маблағи 10000 сомонӣ;
— барои ҷойи сеюм: мукофот ба маблағи 7000сомонӣ;
— барои ҳавасмандгардонии иштирокчии дигари озмун ифтихорнома дода мешавад.
30. Комиссия инъикоси васеи Тартиби мазкурро бо натиҷаи баргузории озмун тавассути воситаҳои ахбори оммаи электронию чопӣ таъмин менамояд.
 
ҲАЙАТИ
Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир  ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссия;
2. Раиси шаҳри Душанбе, муовини раиси Комиссия;
3. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, муовини раиси Комиссия;
4. Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Комиссия;
5. Сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби масъули Комиссия.
Аъзои Комиссия
1. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, муовини раиси Комиссия;
2. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3. Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5. Президенти Академияи илмҳои ҶумҳурииТоҷикистон;
6. Директори Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7. Муовини якуми раиси шаҳри Душанбе;
8. Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9. Сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶумҳурииТоҷикистон;
10. Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон;
11. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.