Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 January 2011

Чорабиниҳои ба низом даровардани савдои кӯчагӣ дар шаҳр, ки аз ҷониби кормандони шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои шаҳр имрӯзҳо ҷараён дорад ин амалест, ки масъулин оид ба иҷрои вазифаҳои таъинотӣ мутобиқ ба талаботи қарорҳои дахлдори дар ин самт ба тасвибрасидаи Раиси шаҳри Душанбе  ба иҷро мерасонанд.

Хотирнишон бояд кард, ки дилхоҳ фаъолияти соҳибкорӣ дар марзи маъмурии шаҳр маҳз дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ бо риояи меъёрҳои санитариву бехатарӣ роҳандозӣ мегарданд ва амали хилофи он пазируфта нахоҳад шуд.

Дар робита ба фурӯши рӯзномаҳо маротибаи дигар таъкид менамоем, ки феълан аз ҷониби шаҳрдорӣ тамоми 7 гузаргоҳҳои зеризаминии хизматрасон, ки дар таносуби чор ноҳияҳо ҷойгиранд, маѓозаи ихтисосии «Олами интишорот»-дар таҳхона ва ошёнаи якуми Маҷмааи манзилии «Пойтахт 80», 23 маѓозаҳои китобфурӯшӣ ва дигар марказҳои савдою супермаркетҳо барои савдои  рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ тахассус дода шудаанд.

Муассисони рӯзномаҳо комилан имкон доранд, ки дар ҳамкориву мувофиқаи тарафайн бо соҳибмулкони иншооти зикргардида фурӯши доимии рӯзномаҳояшонро таъмин созанд ва ҳамагон нек огоҳанд, ки ин таҷриба солҳост дар шаҳр  татбиқ мегардад.

Дар ин зимн шаҳрдорӣ барои фаъолияти паҳнкунандагони рӯзномаҳо дар нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ  ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бидуни дар рӯзи замин ба фурӯш гузоштани рӯзномаҳо иҷозат дода, ҳамзамон муваззаф намудааст, ки паҳнкунандагон фаъолияти мазкурро танҳо бо риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва қоидаҳои санитарӣ амалӣ намоянд.