Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 February 2018

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз - 2018

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ баргузор намудани Иди байналмилалии Наврӯз - 2018 дар шаҳри Душанбе ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии сокинони пойтахт, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон”

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 

1.Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз - 2018 тибқи замима тасдиқ карда шавад.

2.Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М., муовинони Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Назирмадзода Б., Саидзода Қ.Т., Ҷумазода Ф.Т., Раҳимзода Т.К., роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н., раисони ноҳияҳои  шаҳр (Табарзода Ҷ.А., Ҳакимзода Н.Ҳ., Самӣ Ш.Ҳ., Салимзода Н.Ф.), роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтии нақшаи чорабинии мазкурро таъмин намоянд.

3.Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ, тандурустӣ, назорати давлатии бойторӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии “Ёрии таъҷилӣ”, бехатарии зиддисӯхтор, сифати маҳсулоти воридшуда ва риояи талаботи санитарию гигиенӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

 4.Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи  Раиси  шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

5.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

  

                                                                Рустами Эмомалӣ