Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 February 2018

Оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2018» дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №802 «Дар бораи тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра» ҷиҳати омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2018» дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» 

                                                                                          

                              ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1. Комиссияи шаҳрӣ оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2018» дар шаҳри Душанбе дар ҳайати замимагардида таъсис дода шавад.

2. Комиссияи мазкур дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2018» тадбирҳои зарурӣ андешад.

3. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе (Самӣ Ш.Ҳ., Салимзода Н.Ф., Ҳакимзода Н.Ҳ., Табарзода Ҷ.А.) баҳри қабули саривақтии ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон комиссияҳои ноҳиявиро таъсис дода, ба комиссияи шаҳрӣ то муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои зуруриро тибқи рӯйхат пешниҳод намоянд.

4. Раиси комиссияи шаҳрӣ оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2018» дар шаҳри Душанбе пас аз анҷоми кори комиссия то 6 апрели соли 2018 рӯйхати ҳаҷравандагони шаҳри Душанберо тибқи тартиби муқарраргардида ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини  Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

Рустами Эмомалӣ