Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 February 2018

Дар   бораи   чораҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракати   нақлиёти автомобилӣ   дар  буриши ҳалқаи  хиёбони  И.Сомонӣ  бо хиёбони  А.Сино вобаста  ба  оғози  сохтмони  чорсӯи  нақлиётии сесатҳа дар буриши хиёбону кӯчаҳои И.Сомонӣ, Сино, Н.Махсум, Баҳоваддинов  ва Маяковский


Бо инобати муроҷиати Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2018, №1-70 ҷиҳати гузаронидани корҳои сохтмонию азнавсозии роҳҳои автомобилгард ва таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар иншооти «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе - Турсунзода - сарҳади Ӯзбекистон» марҳилаи дуюми иншоот қитъаи «Таҷдиди роҳ аз км 0+000 то км 1+200 ва аз км 1+900 то км 4+960» бо назардошти сохтмони чорроҳаи сесатҳа дар бурриши ҳалқаи хиёбони И. Сомонӣ бо хиёбони А.Сино, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н.Махсум бо кӯчаи Маяковский, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар бурриши хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Баҳоваддинов ва таҷдиди роҳ аз қитъаи км 0+000 то км 1+200 ва аз км 1+900 то км 4+960 хиёбони Н.Махсум», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», моддаҳои 10, 20 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» 


ҚАРОР МЕКУНАМ:


1. Бинобар оғоз гардидани марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди хиёбону кӯчаҳои И.Сомонӣ, А.Сино, Н.Махсум, Баҳоваддинов ва Маяковский ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз «26» феврали соли 2018 манъ карда шавад.

2. Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе ҳаракат ва танзими оқилонаи нақлиёти автомобилии мусофирбари истифодаи умум ва дигар воситаҳои нақлиётро дар хиёбону кӯчаҳои ҳамшафат тибқи замимаи №1 ба роҳ монанд.

3. Аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост карда шавад, ки якҷо бо Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳҳо ва  Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузоштани  аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунандаро барои ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ таъмин намуда, баҳри танзими ҳаракати  мунтазами воситаҳои нақлиёт роҳҳои ҳамшафати хиёбону кӯчаҳои дар замимаи №2 қарори мазкур зикршударо тибқи  тартиби муқарраргардида ба низоми муайян дароранд.

4. Аз роҳбарони корхона, идора, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидоре, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, хоҳиш карда шавад, ки ҷиҳати сари вақт кӯчонидани хатҳои мавҷудаи муҳандисии зери иншооти дар муқаддимаи ҳамин қарор зикршуда ба фармоишгар - Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

5. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои таъмини амнияти саривақтии шаҳрвандон, ҳаракати мунтазам ва бехатари воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои ҳамшафат тадбирҳои мушаххас андешад.

6. Раёсати итилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» ва «Телевизиони Душанбе» инъикоси қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ ба роҳ монад.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе вогузор карда шавад.      

                   

                                                                                                 Рустами Эмомалӣ