Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 February 2018

Дар бораи тасдиқи «Барномаи  амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2022»                                                                                    

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, №443 “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022”, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

                                             ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Барномаи амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2022, нақшаи тадбирҳои  амалишавии он ва нақшаи маблағгузории барнома тибқи замимаҳои 1,2,3 тасдиқ карда шаванд.

2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдор барои иҷрои саривақтии нақшаи тадбирҳои замимагардида чораҳои амалӣ андешанд.

3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои татбиқи амалии Барномаи мазкур дар соли 2018 аз ҳисоби маблағҳои ба соҳаи маориф ҷудошуда ва солҳои минбаъда ҳангоми таҳияи буҷети шаҳри Душанбе маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.

4. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳар сол то 20 декабр ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе то 5 январи ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ гардидани “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” гузориш таҳия ва пешниҳод намоянд.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси муҳтавои қарор ва раванди татбиқи нақшаи тадбирҳои мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

                                                                                Рустами  Эмомалӣ